Як рӯзи таърих – 12 декабр

Соли 1932 – Роҳи мошингарди Сталинобод (Душавнбе) – Қӯрғонтеппа (Бохтар) ба истифода дода шуд.

Соли 2007 – Дар Тоҷикистон қонун “Дар бораи ипотека” қабул шуд.

Соли 2014 – Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) тасмим гирифт, ки аз ин ба баъд дониши вакилони ҳамаи сатҳҳо аз забони тоҷикӣ санҷида мешавад.

Соли 2015 – Дар Душанбе пайкараи ёдгорӣ, ки ба ифтихори 20-солагии ҶШС Тоҷикистон гузошта шуда буд, тахриб гардид.

Соли 2016 – Эмомалӣ Раҳмон бо нахустин сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка рафт.

Соли 2016 – Бо қарори суд намояндагии Кумитаи кӯмаки “Имдод” ба номи Имом Ҳумайнӣ дар Тоҷикистон баста шуд.

Соли 2017 – Каромат Шарипов, яке аз пуштибонҳои муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия аз шаҳрвандии ин кишвар маҳрум ва ба Тоҷикистон ихроҷ шуд. Ӯ соли 2020 дар синни 57-солагӣ аз олам даргузашт.

Каромат Шарифов

Соли 2017 – Дар шаҳри Ню-Йорк байни Тоҷикистон ва Ҷамайка муносибатҳои дипломатӣ барқарор гардид.

Соли 2018 – Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дар бораи таъсиси Шӯрои миллии рушди маориф дар назди ҳукумати шаҳри Душанбе қарор қабул кард.

Соли 2018 – шаҳри Душанбе бо шаҳри Хайнани Чин созиши бародаршаҳрӣ ба имзо расонид.

Соли 2023  - Олмон  барои сохтмони НБО “Себзор” дар ВМКБ 10 млн. евро грант ҷудо кард

Соли 2023 – Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев, роҳбарони КДАМ-и Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи муайян ва мувофиқа кардани 90% сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон хабар доданд.

 

Шахсиятҳо

Соли 1908 – мавлуди Абдулғанӣ Мирзоев, академик, адабиётшинос ва шарқшиноси тоҷик

Абдулғанӣ Мирзоев дар рушди илмҳои филологии тоҷик бо нашри мақолаҳои илмӣ, очерк ва тадқиқотҳояш саҳми бориз дорад. Мақолаву очеркҳояш бо тахаллусҳои “Гулханӣ”, “Шаҳидӣ” ва “Абдулғанӣ” дар рӯзномаҳои “Овози тоҷик”, “Бедории тоҷик”, “Тоҷикистони сурх” ва маҷаллаи “Барои адабиёти сотсиалистӣ” ба табъ расидаанд.

Абдулғанӣ Мирзоев

“Сайидо ва мақоми ӯ дар таърихи адабиёти тоҷик”, “Мулҳами Бухороӣ”, “Рӯдакӣ ва инкишофи ғазал дар асрҳои X-XV”, “Сталинобод”, “Абуабдуллоҳи  Рӯдакӣ”, “Ҳикояҳо оид ба Ибни Сино ва шахсияти ӯ”, “Фонӣ ва Ҳофиз”, “Алишери Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ” аз ҷумлаи осори Абдулғанӣ Мирзоев аст.

Соли 1914 – зодрӯзи Арда Қувватов, муаррих

Соли 1925 – мавлуди Аҳмади Шомлу, шоир, нависанда, пажӯҳишгар ва мутарҷими эронӣ

Аҳмади Шомлу, ки бо тахаллусҳои Аҳмад, Бомдод ва Субҳ низ эҷод мекунад, зодаи шаҳри Теҳрони Эрон буда, дар Тоҷикистон низ ҳаводорони зиёд дорад. Ӯ муаллифи маҷмуаҳои шеърии “Оҳангҳои фаромӯшшуда”, “Оҳан ва эҳсос”, “Қатънома”, “Ҳавои тоза”, “Боғи ойина”, “Дарахту ханҷару хотира”, “Қақнус дар борон”, “Лаҳза дар борон”, “Лаҳзаҳо ва ҳамешаҳо”, “Марсияи хок”, “Иброҳим дар оташ”, “Таронаҳои кучаки ғурбат”, “Дар остона”  аст. Аҳмади Шомлу дар таҳқиқ низ қувваозмоӣ кардааст.

Аҳмади Шомлу

Дар бораи Ҳофизи Шерозӣ, “Ҳафт пайкар”-и Низомӣ, рубоиёти Умари Хайём, дубайтиҳои Абусаиди Абулхайр ва Бобо Тоҳир рисолаҳо навиштааст.

Соли 1928 – Зодрӯзи Чингиз Айтматов, Нависандаи халқии Қирғизистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ

Ин нависандаи қирғиз, ки аксари асарҳояш ба забони тоҷикӣ низ тарҷума шудаанд, дар Тоҷикистон низ маҳбубият дорад, махсусан, “Киштии сафед”, “Муаллими нахустин”, “Дуроҳаи бӯронӣ” ва “Қиёмат”.

“Ҷамила”, “Сарвқади рӯймолсурхаки ман”, “Чашми уштур”, “Муаллими нахустин”, “Роҳи Каҳкашон” ва “Турнаҳои бармаҳал” дар ҳавои романтикӣ навишта шудаанд. Повесту романҳои “Падруд, ҷонваракам”, “Саги алое, ки лаб-лаби баҳр метозад”, “Вақте ки кӯҳҳо сукут мекунанд” таҷассумгари таҳаввули эҷодиест, ки нависанда аз охири солҳои 60-и садаи XX сар карда аз сар гузаронидааст. Ин таҳаввул дар эҷодиёти Айтматов аз повести “Киштии сафед” оғоз шуда дар романи фалсафию иҷтимоии “Дуроҳаи Буронӣ” ба авҷи худ расидааст.

Чингиз Айтматов

Соли 1963 – мавлуди Юлдуз Усмонова, овозхон ва ҳунарпешаи ӯзбек, Ҳофизи халқии Тоҷикистон

Юлдуз Усмонова бо иҷрои сурудҳои ҷаззоб ба забони тоҷикӣ дар Тоҷикистон низ маҳбубият дорад. Ӯ чанд маротиба ба Тоҷикистон омадааст. Бори аввал соли 2017 ба шаҳри Душанбе омада барномаи консертии худро баргузор намуд. Бори дигар моҳи апрели соли 2019 ба Тоҷикистон омад ва рӯзҳои 26, 27 ва 28-уми апрел дар се шаҳр Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар барномаҳои бузурги консертии худро барпо намудааст.

Ба Юлдуз Усмонова 18-уми апрели имсол дар қатори чанд сарояндаи дигари Ӯзбекистон унвони Ҳофизи халқии Тоҷикистон тақдим гардид.

Юлдуз Усмонова

 Соли 1970 – зодрӯзи Парвиз Пӯлодӣ, оҳангсоз, ҳунарпешаи театру синамо

Парвиз Пӯлод дар баробари овозхонӣ инчунин, дар театру синамо низ нақш офаридааст. Як давраи тӯлонии фаъолияташ дар Театри ҷавонон ба номи Воҳидов сипарӣ шудааст. “Дӯст медорам туро”, “Ассалом”, “Ишқи аввал”, “Бори ғам”, “Арӯсӣ”, “Модар”, “Ватан”, “Ман чаро дил ба ту додам”, “Ту куҷоӣ”, “Омадам” аз зумраи оҳангҳои дилнишини ин ҳунарманд аст.

Парвиз Пулодӣ

Соли 1978 – мавлуди Анварбек Бобоев, олим, омӯзгор, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

Соли 1971 – Саидалӣ Вализода, шоири тоҷик аз олам даргузашт

Саидалӣ Вализода, ки ҳамзамон чун Гӯрӯғлисарои машҳури тоҷик мешиносанд, асосан дар такя ба рӯйдодҳои замони зиндагиаш эҷод кардааст. Аксари шеърҳои дар замони ҶБВ навиштааш барои баланд кардани рӯҳияи халқ ва бар зидди фашизм навишта шудаанд. Минбаъд, замони осоиштагӣ дар мадҳи тинҷии замон ва корнамоии шахсиятҳои давр навиштаҳо дорад.

Соли 1993 – Ғаффор Валаматзода, устоди санъати рақси тоҷик, ҳунарпешаи халқии ҶШСТ аз олам даргузашт

Раққоси мумтози тоҷик, Ғаффор Валаматзода бо иҷрои рақс дар драмаҳои мусиқии “Оршин-мол-олон”,  “Восеъ”, “Гулсара”, намоиши мусиқии “Лола”, балети “Ду гул”, рақси “Салла” ва дигар рақсҳо дар хотирҳо устувор нақш бастааст. Ӯ ҳамчун коргардон як зумра намоишҳои раусӣ ва балетҳо ба саҳна гузоштааст, аз ҷумла “Лайлӣ ва Маҷнун”, “Сарчашмаи бахт”, “Эсмералдо”, “Шуриши Восеъ”, “Комде ва Мадан”, “Домоди номдор” ва “Ғуломон”.

 

Санаҳои муҳими ҷаҳонӣ

Имрӯз рӯзи байналмилалии бетарафӣ – яъне иштирок накардан дар ҷанг ва даст кашидан аз иштирок дар ҷунбишҳои ҳарбӣ дар давраи осоишта мебошад. Бо риояи сиёсати бетарафӣ, давлатҳо дар давраҳои гуногуни таърих кӯшиш мекарданд, ки худ ва шаҳрвандони худро аз оқибатҳои харобиовари ҷангҳои дар қаламравҳои ҳамсоя рухдиҳанда муҳофизат кунанд.

12 декабр инчунин рӯзи байналмилалии фарогирии умумии хизматрасониҳои тандурустӣ ҷашн гирифта мешавад, ки аҳолии сайёраро ба  таваҷҷуҳ ба саломатӣ даъват мекунад.


 

Вазъи обу ҳаво барои 12 декабри соли 2024

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5º сард, рӯзона 1+6º гарм; дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 10-15º  то 2-7º сард, рӯзона аз 0-5º сард то 1+6º гарм

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона аз 1-6º сард то 0+5º гарм, рӯзона 3+8º гарм; дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона аз 3-8º сард то 0+5º гарм, рӯзона 3+8º гарм

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 1-6º сард, рӯзона 2+7º гарм; дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 15-17º сард, рӯзона -4+1º, дар баъзе ноҳияҳо то 6-8º сард

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона аз 11-16º то 4-9º сард, рӯзона аз 1-6º сард то 1+6º гарм; дар шарқи вилоят шабона аз 22-27º то 30-35º сард, рӯзона 12-17º сард

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 4-6º сард, рӯзона 5+7º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорати ҳаво шабона 4-6º сард, рӯзона 1+3º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 3-5º сард, рӯзона 6+8º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 11-13º сард, рӯзона 3-5º сард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.