Барои бо автомашина рафтан аз дарвозаи Маркази миллии тиббии “Шифобахш” (Қарияи Боло) то бино (корпусҳо)-и ин беморхона дар мошини “ёрии таъҷилӣ” пул талаб мекунанд. Дар ин бора дар видео, ки чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, сухан меравад.

Дар навор зан аз он шикоят мекунад, ки бо сабаби баста шудани роҳ дар даромадгоҳ, мошинҳои шахсӣ наметавонанд ба нази бино (корпусҳо)-и беморхона раванд.

Зан мегӯяд, ки модараш бемории дил дорад ва ҳамчунин фишори хунаш баланд аст.

«Вақте ки фишори хуни модарам то ба 213 расид, мо бо мошини шахсиамон ба беморхона рафтем, аммо натавонистем ба даруни ҳавлии беморхона ворид шавем, то ки модарамро то дари бино (корпус) бирасонем», - мегӯяд ӯ.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ӯ, мошини ёрии таъҷилӣ, ки дар назди дарвоза (даромадгоҳ) буд, аз беморони дигар 50 сомонӣ гирифта, онҳоро то назди бинои лозима бурд.

Зан изҳор мекунад, ки «эҳтимол, роҳбарият аз ин вазъиятт хабар надорад».

«Мо мефаҳмем, ки чаро моро тӯҳмат карданд»

Дар ҳамин ҳол, дар беморхона ба «Азия-Плюс» хабар доданд, ки «гуфтаҳо дар видео ҳеҷ асосе надоранд» ва хидматҳои мошини ёрии таъҷилӣ барои беморон ройгон аст.

Ба иттилои манбаъ, дар вақти сабти видео дар мошини зан бемор набуд, аз ин рӯ, муҳофизон ба ӯ иҷозат надоданд, ки ба дохили ҳавлии беморхона дарояд.

Сурат аз fergana.agency

«Пас аз нашри видео бо ронандагон ва дигар кормандон, инчунин бо хешовандони беморон суҳбат гузаронида шуда, далели гирифтани пул тасдиқ нашуд», - гуфтанд дар «Шифобахш».

Онҳо ҳамчунин илова карданд, ки роҳбарияти беморхона тасмим гирифтааст бо зане, ки видео нашр кардааст, гуфтугӯ кунад ва бифаҳмад, ки чаро ӯ онҳоро «туҳмат» кардааст.

«Дуруст аст, ки роҳҳои даромад ба беморхона баста шудаанд. Сабаби асосӣ ин аст, ки мошинҳои шахсӣ аз дарвозаҳои гуногун ба ҳавлии «Шифобахш» ворид мешуданд ва ин ба бесарусомонӣ ва тамбашавӣ ҳангоми воридшавӣ боис мешуд. Дар натиҷа қарор шуд, ки дар назди дарвозаи бино (корпус)-и №10 мошини ёрии таъҷилӣ фаъолият кунад ва беморонро ройгон ба биноҳои лозима расонад», - илова карданд дар беморхона.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.