Ду сокини ноҳияи Дӯстӣ, ки ба хотири ғасби курсӣ соли 1993 директори мактаби №11, оила ва фарзандони ноболиғи ӯро ба қатл расонидаанд, ба 15 соли зиндон маҳкум шуданд.
Тавре ёрдамчии калони додситони вилояти Хатлон Варқаи Зайниддин ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод, муттаҳамон Ортиқ Файзуллоев ва Абдураҳмон Тағаев ном доштаанд ва супориши мазкурро аз Зайниддин Баходиев гирифтаанд.
Ҳодиса бегоҳии рӯзи 20-уми марти соли 1993 рух додааст.
“Зайниддин Баходиев ба зердастони худ, бахусус ба Тағаев Абдураҳмон, ки шахси боваринокаш буд, ҳамчун роҳбар супориш медиҳад, ки ҳамроҳи зердасти дигараш Ортиқ Файзуллоев директори мактаби миёнаи №11-и ноҳия Одинаев Мирзо Нуриддиновичро бо истифода аз яроқи оташфишон ба қатл расонанд”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.
Ӯ афзуд, “ҳамон шаб Ортиқ Файзуллоев ва Абдураҳмон Тағаев баъди гирифтани дастур аз роҳбари гурӯҳашон Зайниддин Баходиев қасдан дар заминаи хусумати маҳалгароӣ бо истифодаи яроқҳои оташфишони тамғаи “Калашников” ин оиларо ба назди заҳбури деҳаҳои Комсомол ва Тоҷикобод бурда, ба қатл мерасонанд”.
Дар ин ҷиноят ин нафарон кушта шудаанд:
- Одинаев Мирзо Нуриддинович (соли таваллудаш 1957)
- Ҳамсараш (соли таваллудаш 1960)
- 3 фарзанди ноболиғи онҳо (солҳои таваллудашон 1986, 1988 ва 1990).
Додситонии ноҳияи Дӯстӣ аз рӯйи ҳодиса бо модаи 104-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, шахсияти ҷинояткоронро муайян кард ва онҳоро дар ҷустуҷӯ эълон кард.
Моҳи январи соли 2024 Зайниддин Баходиев ва Абдураҳмон Тағаев дастгир шуданд. Аммо маълум нест, ки чӣ гуна ва дар кадом шароит онҳо боздошт гардидаанд.
Додгоҳ 10-уми июни соли 2024 Зайниддин Баходиев ва Абдураҳмон Тағаевро бо моддаи 104, бандҳои “в”, “з”, “м”-и Кодекси ҷиноятӣ (таҳрири соли 1961) гунаҳкор донистааст ва ҳардуро 15 солӣ ба зиндон маҳкум кардааст.
Ҳоло Ортиқ Файзуллоев, ки яке аз иҷрокунандагони ин ҷиноят ба ҳисоб меравад, дар кофтуков қарор дорад.
Бояд гуфт, ки ин аввалин ҳолати боздошти гумонбарон ва ба солҳои гуногуни зиндон маҳкум кардани онҳо барои ҷиноятҳои солҳои ҷанги шаҳрвандӣ содиркарда намебошад. Тобистони гузашта низ як гумонбар куштори 22 нафар дар деҳаи Сарбанди ноҳияи Хуросон аз Русия ба Тоҷикистон истирдод гардида буд. Ин куштор ҳам солҳои ҷанги шаҳрвандӣ рух додааст.





Закот ба кӣ фарз аст, онро бояд ба киҳо дод ва кӣ аз ин садақаи ҳатмӣ озод аст? Муҳимтарин нукот дар бораи закот
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2026
Муҷтабо Хоманаӣ – писари Алии Хоманаӣ роҳбари нави Эрон интихоб шудааст
Ҳамла ба анборҳои нафту полоишгоҳҳо. Охирин хабарҳо аз Эрону Исроил ва дигар кишварҳои Ховари Миёна
“Азия-Плюс” занону духтарони Душанберо ба Рӯзи модар табрик кард. Иқдоми “Модарони Душанбе” чӣ гуна гузашт?
Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2026
Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
"Азия-Плюс" ба зиндони занонаи Норак беш аз 500 китоб тақдим кард ва бо шароити маҳбусон шинос шуд
Ҷасади Таҳминаи 21-соларо баъди як моҳи бедаракшавӣ дар наздикии марз бо Ӯзбекистон аз дарё пайдо карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста