Дар доираи лоиҳаи махсуси Smart City дар Душанбе 70 адад дастгоҳҳои барқдиҳанда фаъол шуданд, ки дар як вақт метавонанд ба 140 воситаи нақлиёт нерӯ бидиҳанд.
Дастгоҳҳои барқдиҳанда аз 60 то 120 киловатт/соат нерӯ медиҳанд. Яъне электромобили дорои батареяи 40-киловатта тақрибан дар 40 дақиқа бо барқ пурра таъмин мешавад.
Макони ҷойгиршавии нуқтаҳои барқдиҳии холиро метавонед дар сомонаи https://neru.dc.tj/ дарёфт кунед ва бо истифода аз харита ва навигатор то он макон расед.
Ҳамагӣ тибқи нақша дар пойтахт бояд беш аз 500 адад нуқтаи барқдиҳандаи гуногуншиддат насб карда шаванд.
Дар куҷоҳо ва чӣ гуна шумо метавонед нақлиёти худро бо нерӯ пур кунед, дар гузориши зерин бубинед!
Тарзи истифодаи нуқтаҳои барқдиҳанда:
Воситаи нақлиёти электрикиро дар таваққуфгоҳ ҷойгир карда коннекторро ба мошини худ пайваст кунед. Ба ҳамёни мобилии DC Next ворид шуда, рамзи QR-и дастгоҳро скан намоед. Ин амалиётро метавон ҳамчунин бо интихоби бахши махсус дар ҳамёни худ анҷом дод. Пешпардохтро дар ҳаҷми 100 сомонӣ пардохт намоед.
Баъди итмоми раванди барқтаъминкунӣ воситаи нақлиёти худро аз таваққуфгоҳ бароред.
Бақияи пешпардохт дар давоми 5 дақиқа пас аз итмоми барқтаъминкунӣ ба ҳамёни мобилии шаҳрванд бармегардад. Ронанда ҳамчунин имконият дорад, ки дилхоҳ вақт раванди барқтаъминкуниро тариқи ҳамёни мобилии худ қатъ кунад.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 декабри соли 2024
“Дар атрофи гулхан ва бо тарсу шубҳа”. Баъди боздошти 4 гумонзад ҳам сокинон дар Конибодом навбатдорӣ мекунанд
Имсол муҳоҷирати занони тоҷик ба Русия кам шудааст
Заҳролудшавии 4 узви як оила аз дуди ангишт дар Душанбе
Субҳон Ҷалилов: “Журналист бигзор якрав бошад, аммо бесавод набошад!”
Акнун аҳолӣ барои гирифтани маълумотномаи доғи судӣ изи ангушт месупоранд. Боз барои чӣ изи ангушт мегиранд?
Аз 14 рақам танҳо 5-то посух дод. Телефонҳо барои эълони кор дар хориҷа чӣ гуна кор мекунанд?
Эмомалӣ Раҳмон паёми имсолаашро дар бинои нави парлумон ироа мекунад
Дар миёни мусофирони ҳавопаймои суқуткардаи "Azerbaijan Airlines" ду зодаи Тоҷикистон ҳам будаанд
Аз кори мақомоти қудратӣ то ришвахории додрасҳо. Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2024 кадом ниҳодҳоро танқид кард?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста