ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 27 ДЕКАБР

Соли 1932 – Дар Иттиҳоди Шӯравӣ низоми шиносномавӣ ҷорӣ гардид.

27 декабри соли 1932 қарори дахлдор дар ин бора қабул шуд. Шиноснома бо тамғаи бақайдгирӣ ба сокинони шаҳр ва шарҳакҳо, маркази ноҳияҳо, инчунин ба аҳолии ноҳияҳои Маскав ва як қатор навоҳии вилояти Ленинград дода мешуд.

Дар онҳо маълумот дар бораи санаи таваллуд, миллат, вазъи иҷтимоӣ, муносибат ба хидмати ҳарбӣ, вазъи оилавӣ ва ғайра мавҷуд буд. Ба хизматчиёни ҳарбӣ, маъюбон ва коргарони колхозҳо шиноснома дода намешуд. Онҳо танҳо бо гирифтани иҷозатномаи махсус имкони гирифтани шиноснома доштанд.

Соли 1938 – Дар Иттиҳоди Шӯравӣ унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ таъсис дода шуд.

Соли 2012 – Дар шаҳри Новосибирск Комроншоҳи Устопириён, варзишгари тоҷик дар мусобиқаи 32-юми  анъанавии умумирусиягии “Дӯстии халқҳо” оид ба дзюдо мақоми аввалро касб намуд.

Соли 2020 – Дар Душанбе биноҳои баландошёнаи истиқоматии “Манзили дастрас” (воқеъ  дар хиёбони Сино, дар шафати Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев), ки чандин сол сохтмонаш тӯл кашид, мавриди истифода қарор дода шуд.

Бинои "Манзили дастрас"
Акс аз сомонаи шаҳрдории Душанбе

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1928 – Мавлуди Абдулло Абдурауфов, сарояндаи операи тоҷик, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Тоҷикистони Шӯравӣ.

Абдулло Абдурауфов ҳунарпешаи хизматнишондодаи Тоҷикистону Ӯзбекистон буда, соли 1928 дар Самарқанд ба дунё омад ва дар ҳамин ҷо факултаи филологияро хатм кард. Баъдан дар Консерваторияи давлатии Маскав ба номи Чайковский ва Консерваторияи давлатии Тошканд ба номи Мухтор Ашрафӣ таҳсил намуд.

Ӯ дар Филармонияи давлатии Тошканд, Театри опера ва балети ба номи Навоии Ӯзбекистон, Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнии Тоҷикистон ҳамчун овозхони яккахон ҳунарнамоӣ кард.

Дар саҳнаи театрҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон беш аз 20 опера иҷро кардааст.

Соли 1941 – мавлуди Биҳоҷал Раҳимова, ходими сиёсӣ ва ҷамъиятӣ.

Биҳоҷал Раҳимова соли 1941 дар деҳаи Ёваи собиқ вилояти Ленинобод ба дунё омадааст. Ӯ аввал котиби якуми кумитаи комсомолии шаҳри Душанбе интихоб шуд. Фаъолияти минбаъдаи Биҳоҷал Раҳимова пурра ба корҳои масъули ҳизбӣ ва роҳбарӣ равона гашта, соли 1989 баъди депутати халқии СССР интихоб шуданаш, ба ҳайси муовини Раиси Кумитаи Шӯрои Олии СССР оид ба корҳои занон, ҳифзи модарон ва кӯдакон ба фаъолият шурӯъ намуд. Дар соли 1990 ӯро котиби Кумитаи марказии Тоҷикистон интихоб карданд.


Соли баъд Биҳоҷал Раҳимова дар вазифаҳои муовини сарвазир, мудири шӯъбаи барномаҳои иҷтимоии Кумитаи иқтисодии байни ҳукуматии ИДМ, муовини вазири саноати Тоҷикистон, мушовири раиси Вилояти Ленинобод ва дигар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият кард.

Соли 1945 – Мавлуди Раҳмонқул Зоиров, ходими давлатӣ, генерал-майори милитсия, дар солҳои 90-ум сардори Раёсати кофтукови ҷиноятӣ (1987-1991) ва муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991‒93) буд. Қариб 10 сол (1993‒2002) сардори Раёсати нақлиёти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Соли 2007 – Беназир Бҳутто, собиқ сарвазири Покистон аз олам даргузашт.

Беназир Бҳутто ходими давлатии Покистон, духтари собиқ сарвазири Покистон Зулфиқор Алӣ Бҳутто аст. Ӯ аз соли 1976 мушовири расмии падараш буд ва баъди табаддулот дар 1979 маҳбус гардид. Солҳои 1984-1986 дар Британияи Кабир зиндагӣ кард ва баъди бозгашт ба ватан роҳбари мухолифин ва раиси Ҳизби халқии Покистон интихоб гардид.

Беназир Бҳутто аввалин занест, ки дар таърихи давлатҳои исломӣ сарвазир таъин гардид. Аммо соли 1990 баъди 2 сол бо иттиҳоми ришваситонӣ аз вазифа сабукдӯш шуд ва соли 1993 дубора сарвазир интихоб гардид. Ӯ барои доир намудани ислоҳоти демократӣ дар Покистон ба муқобилияти сахти ҳаракатҳои тундгароёнаи динӣ ва ақидаҳои кӯҳнапарастонаи низомӣ дучор шуд. Ноябри соли 1996 дигарбора аз нав ба иттиҳоми ришваситонӣ муттаҳам шуда, маҷбуран ба истеъфо рафт.


Беназир Бҳутто 27 декабри соли 2007 дар зодгоҳаш, шаҳри Равалпиндӣ дар гирдиҳамоии умумӣ бар асари як амали террористӣ ва сӯиқасд захмдор шуда, дар беморхона ба таври фоҷиавӣ аз олам даргузашт.

Соли 2017 – Холмурод Шарипов, олим ва нависандаи тоҷик дар 90-солагӣ аз олам даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Ассамблеяи генералии СММ ва аксари кишварҳои ҷаҳон рӯзи байналмилалии омодагӣ зидди эпидемияро таҷлил мекунанд.

Дар ҷаласаи 36-уми Маҷлиси умумии СММ бо назардошти таҳдидҳои пандемияи COVID - 19 ба ҳаёти мардум, инчунин оқибатҳои вазнин ҳам ба иқтисоди ҷаҳонӣ ва ҳам ба рушди иқтисодии давлатҳо ва минтақаҳои алоҳида қатънома дар бораи таъсиси ин сана қабул карда шуд.


Тамоми чорабиниҳое, ки бахшида ба ин сана гузаронида мешаванд, ба таълими аҳолӣ барои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ равона карда мешаванд.

27 декабри соли 1929 Иосиф Сталин сиёсати “коллективонидани пурра”-и хоҷагии қишлоқи СССР-ро эълон кард. Ҳамчун воситаи асосии коллективонӣ оилаҳои кулакшудагон ба минтақаҳои дурдасти кишвар кӯчонида шуданд. Тибқи маълумоти расмӣ дар солҳои 1930-1932 зиёда аз 240 ҳазор оила кӯчонида шуданд ва дар аввали соли 1941 ин рақам ба беш аз 1 миллион баробар шуд.

79 сол пеш Хазинаи байналмилалии асъор таъсис шудааст.

Вазифаҳои асосии фонд мусоидат ба ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи пулию қарзӣ, мусоидат ба устувории қурби асъор ва танзими меъёрҳо ва қоидаҳо дар соҳаи асъор ва ташкили системаи бисёрҷонибаи ҳисоббаробаркунӣ, кӯмак ба кишварҳои узв дар бартараф кардани номутаносибии тавозуни пардохт тавассути пешниҳоди муваққатии маблағҳои молиявӣ буд.

Нақши асосии молиявии Хазинаи байналмилалии асъор аз додани қарзҳои кӯтоҳмуддат ба кишварҳои узви худ аст, ки дар тавозуни пардохт душворӣ мекашанд.


 

ВАЗЪИ БОДУ ҲАВО БАРОИ 27 ДЕКАБРИ СОЛИ 2024

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 1-6º сард, рӯзона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9º сард, рӯзона 0+5º гарм;

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2º, рӯзона 4+9º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона -4+1º, рӯзона 5+10º гарм;

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ –  Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2º, рӯзона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 10-12º сард, рӯзона 2+7º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 0-2º сард;

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 8-13º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 1-3º сард, рӯзона -1+4º, дар баъзе ноҳияҳо то 7+9º гарм, дар шарқи вилоят шабона 25-30º сард, дар баъзе минтақаҳо то 34-36º сард, рӯзона 10-15º сард,  дар баъзе минтақаҳо то 17-19º сард;

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона -1+1º гарм, рӯзона 10+12º гарм;

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 0-2º сард, рӯзона 5+7º гарм;

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона -1+1º, рӯзона 4+6º гарм;

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 8-10º сард, рӯзона -1+1º.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.