Шаби 24-уми декабр дар маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 4 узви як оила аз дуди ангишт заҳролуд шудаанд.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дода навиштааст, ки осебдидагон дар шӯъбаи эҳёи беморхонаи №3 пойтахт таҳти назорати духтурон қарор доранд.
Манбаъ аз осебдидагон ном нагирифта афзудааст, ки модари хонадон 33 сол дошта, ҳамроҳи фарзандони 13-сола, 10-сола ва 4-солааш заҳролуд шудаанд.
Сабаби заҳролудшавӣ “риоя накардани қоидаҳои бехатарии истифода аз ангишт” гуфта мешавад.
Ин ниҳод бори дигар ба шаҳрвандони кишвар муроҷиат карда гуфтааст, ки ҳангоми истифода аз ангишт барои гарм кардани хонаҳо эҳтиёткор бошанд ва дудбарои оташдонҳояшонро назорат кунанд.
Бояд гуфт, ки дар 10 рӯзи охир ин аллакай дуюм ҳолати заҳролудшавии сокинон аз дуди ангишт мебошад. Як ҳафта қабл дар натиҷаи заҳролудшавӣ аз дуди ангишт дар ноҳияи Шаҳристон 2 кӯдаки 6 ва 13-сола ба ҳалокат расида, 2 тани дигар да ҳолати вазнин дар беморхона қарор доштанд. Ҳамаи онҳо узви як оила буданд.
Ин ниҳод қаблан низ таъкид карда буд, ки “огоҳиву ҳушдорҳо дар мавриди истифода аз ангишт, ҳезум, асбобҳои барқӣ ба гӯши баъзеҳо намерасад. Беаҳмиятиву беназоратиҳо ин гуна фоҷеаҳои мудҳишро ба дунбол доранд”.
Бояд гуфт, ки ҳар сол бо фаро расидани ҳавои сард сокинони рустоҳои Тоҷикистон хонаҳои худро бо ҳезуму ангишт ва таппак гарм мекунанд. Дар баъзе маврид риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ боиси заҳролудшавии сокинон мегардад. Солҳои гузашта ҳам чандин нафар аз дуди ангишт дар хонаҳояшон заҳролуд шуда ба ҳалокат раисиданд.
“Сарбозшикор”. Чӣ бояд кард, агар “облава” шудед?
Роҳе, ки се моҳ пеш аз “киса”-и муҳоҷирону сокинон сохта шуд, қисман хароб гардидааст
Боздошти як мард бо гумони латукӯби ҳамсари додараш, ки ба марг оварда расонид
БОР дар ду соли наздик рушди устувори иқтисоди Тоҷикистонро пешгӯӣ мекунад
Чаро нархи истифодаи барқ дар Тоҷикистон доимо боло меравад?
Дар “Dushanbe Grand Slam-2025” 36 ҷудокори тоҷик ширкат мекунанд. Онҳо киҳоянд?
“Парасту-2025”: Кай ва дар куҷо кадом намоишнома ба саҳна гузошта мешавад?
Шиносоии сарвазири Тоҷикистон аз сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Хатлон
Дар пайи фаромадани тарма дар Рӯшон роҳи Душанбе-Хоруғ муваққатан баста аст
“Шаш касро аз коми оташ наҷот доданд”. Ҷузъиёти сӯхтор дар маркази Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста