Ин шабу рӯз фазои сиёсии Эрон хеле гарм аст. Ин кишвар ба баргузории интихоботи президентӣ омода мешавад, ки 28-уми июн баргузор мегардад. Номзадҳо аллакай сабтином ва тасдиқ шудаанд. Муҳаммадбоқири Қолибоф, Саиди Ҷалилӣ, Масъуди Пизишкиён, Алиризо Зоконӣ, Амирҳусейни Қозизода ва Мустафо Пирмуҳаммадӣ муддаиёни курсии президентӣ ба ҳисоб мераванд.

Даъвогарони курсии президентӣ дар Эрон кистанд ва имкони пирӯзии кадоме аз онҳо бештар аст? Бо сари қудрат омадани раиси ҷумҳури тозаинтихоб сиёсати Эрон, аз ҷумла дар қиболи Тоҷикистон то куҷо метавонад тағйир ёбад? Ба ин ва дигар суолҳо коршиноси тоҷик Қосим Бекмуҳаммад посух дод.

 

Даъвогарони курсии президентӣ кистанд?

Чаҳордаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон дар таърихи 28 июни соли ҷорӣ бо ҳузури шаш нафар номзад – Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шурои исломӣ, Саиди Ҷалилӣ, намояндаи раҳбари Эрон дар Шурои олии амнияти миллӣ, Масъуди Пизишкиён, вазири пешини беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкӣ, Алиризо Зоконӣ, шаҳрдори Теҳрон, Амирҳусейни Қозизода, раиси Бунёди шаҳид ва умури исоргарон ва Мустафо Пирмуҳаммадӣ, вазири пешини кишвар (корҳои дохила) баргузор мешавад.

Дар ҳоли ҳозир таблиғоти радиоӣ ва телевизионии номзадҳо идома дошта, аз дирӯз, 13-уми июн, номзадҳо ба сурати ҷудогона бо ширкат дар барномаҳои телевизионии “Мизи гирди иқтисодӣ”, “Мизи гирди фарҳангӣ” ва “Мизи гирди сиёсӣ” аҳдоф ва барномаҳои худро дар ин заминаҳо шарҳ медиҳанд. Аз 18-уми июн панҷ мунозираи зиндаи телевизионӣ шуруъ мешавад ва номзадҳо ба пурсишҳои бешуморе, ки аз сӯи андешкадаҳо, коршиносон ва донишмандони риштаҳои мухталиф таҳия шудаанд, посух мегӯянд ва инчунин фаъолияти якдигарро арзёбӣ ва нақд мекунанд. Бинобар ин, чигуна зоҳир шудани номзадҳо дар ин мунозираҳо барои ҷалби таваҷҷуҳ ва ҳимояти интихобкунандагон бисёр муҳим аст.

Ба истиснои Масъуди Пизишкиён, ки номзади ҷиноҳи ислоҳталаб аст, панҷ нафари боқӣ мутааллиқ ба ҷараёни усулгаро мебошанд, ки амалан ҳукумат ва парлумони кунунии Эронро дар ихтиёр доранд. Яъне ба зоҳир бартарӣ бо намояндагони ҷараёни усулгарост, аммо мушкил ин ҷост, ки овоз ё орои интихобкунандагони ҷонибдори усулгароён байни ин панҷ номзад тақсим шавад, худ ба худ Масъуди Пизишкиён дар шароити беҳтар қарор хоҳад гирифт. Бинобар ин, барои номзадҳои усулгаро роҳи аз даст надодани курсии раёсати ҷумҳурӣ фақат ва фақат ташкили эътилоф мебошад.
Қосими Бекмуҳаммад
Акс аз муаллиф

Муҳаммадбоқири Қолибоф ва Саиди Ҷалилӣ аслитарин ва матраҳтарин номзадҳои усулгароён дониста мешаванд, ки эҳтимолан эътилоф хоҳанд кард ва чанд рӯз пеш аз интихобот яке аз онҳо ба нафъи дигаре аз ширкат дар интихобот даст хоҳад кашид. Мумкин аст бархе аз номзадҳои дигари усулгароён низ аз онҳо ҳимоят кунанд ва муборизаи интихоботии худро идома надиҳанд. Ҳарчанд ҳеч гоҳе наметавон дар мавриди натоиҷи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон аз қабл пешбинии дақиқ дошт, аммо эҳтимоли ин ки аз миёни Муҳаммадбоқири Қолибоф ва Саиди Ҷалилӣ яке ба пирӯзӣ даст хоҳад ёфт, ба назар қавитар мерасад. Албатта, ҳамон гуна ки ишора шуд, ба шарти эътилоф, зеро дар ғаёри ин сурат овозу орои ҷонибдорони ин ҷараён чандаста хоҳад шуд, ки аз он номзади ислоҳталабон суд хоҳад кард.

Ҳатто ба ин шева пеш рафтани таҳаввулоти интихоботӣ низ боиси пирӯзии Масъуди Пизишкиён нахоҳад шуд ва интихобот ба даври дуввум хоҳад рафт. Аммо, ба эҳтимоли зиёд, раиси ҷумҳури нави Эрон дар 28-уми июн интихоб хоҳад шуд.

 

Президенти нав ва сиёсати хориҷии Эрон

Пурсише, ки ҳоло таваҷҷуҳи бисёре аз огоҳони масоили сиёсиро ба худ ҷалб кардааст, ин аст, ки оё бо интихоби раиси ҷумҳури нави Эрон сиёсати хориҷии ин кишвар то куҷо тағйир хоҳад кард? Ин пурсиш дар миёни рӯзноманигорон ва коршиносони тоҷик ҳам матраҳ аст. Албатта, дар беш аз чор даҳаи ахир сиёсати хориҷии руасои ҷумҳури Эрон тафовутҳое аз ҳам доштааст, ки намунаи онро дар роҳбурди “Нигоҳ ба Шарқ”-и Саидиброҳими Раисӣ мушоҳида кардем, ки бо сиёсати, ба истилоҳ “Рӯ ба Ғарб”-и Ҳасани Руҳонӣ, фарқи зиёде дошт.

Аммо бо ин вуҷуд, раиси ҷумҳури Эрон тасмимгирандаи аслии сиёсати хориҷӣ нест. Сиёсати хориҷии Эрон ба сурати асосӣ тавассути Шурои олии амнияти миллӣ, ки мақомоти олирутбаи сиёсӣ, низомӣ, амниятӣ ва қазоӣ (додгоҳӣ) узви он мебошанд, тадвин шуда, сипас мавриди таъйиди раҳбари инқилоби ин кишвар қарор мегирад ва барои иҷро ба раиси ҷумҳур вогузор мешавад. Бинобар ин метавон гуфт, ки бо омаду рафти руасои ҷумҳур дар сиёсатгузориҳои калону аслии Эрон тағйироти ҷиддӣ ва бунёдӣ рух нахоҳад дод.

Аммо бо итминон метавон гуфт, ки қатъи назар аз он ки кадом як аз номзадҳо пирӯз мешавад, дар минтақаи Осиёи Марказӣ Тоҷикистон ба унвони яке аз авлавиятҳои аслии сиёсати хориҷии Эрон боқӣ хоҳад монд. Ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки чун Муҳаммадбоқири Қолибоф аз собиқаи фаъолиятҳои бештари роҳбарӣ ва иқтисодӣ бархурдор аст, мумкин аст ба густариши равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ бо Тоҷикистон аҳамияти бештаре қоил шавад.

Бо ин вуҷуд, лозим аст ба як нуктаи муҳим ишора шавад. Сафари расмии соли гузаштаи раиси ҷумҳури шодравони Эрон Саидиброҳими Раисӣ ба Тоҷикистон ва суҳбатҳои гарму самимонаашон дар мавриди аҳамияти густариши равобити дӯстонаву бародарона бо Тоҷикистон на танҳо мавриди истиқболи густардаи тоҷикҳо қарор гирифт, балки сатҳи интизориҳои мардуми Тоҷикистонро низ боло бурд. Ин интизориҳо беш аз ҳама ба ҳузури коло, сармоя, таҷҳизот ва фанновариҳои тавлиди Эрон дар бахшҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистон иртибот дорад.

Эрон то ду даҳаи пеш аз ҷумлаи муҳимтарин шарикони тиҷорӣ ва иқтисодии Тоҷикистон буд, ки пеш омадани як марҳилаи кундии ҳамкориҳо боиси аз даст рафтани ҳузур ва ҷойгоҳи Эрон дар кишвари мо ва бахусус дар арсаи иқтисодӣ ва тиҷорӣ шуд. Ба қавле “Ҳар ҷо, ки ҳабибест, ба паҳлуяш рақибест”. Ҳоло бахши қобили таваҷҷуҳе аз саҳми собиқе, ки Эрон дар арсаҳои иқтисодии Тоҷикистон дошт, дар ихтиёри кишварҳои дигар қарор дошта ва шароити мавҷуд иқдомоти муассир ва ҳисобшудаи Теҳрон барои бозгардондани нуфузи қаблиашро металабад. Аз ин лиҳоз, дар канори идома ва таҳкими муносибот дар заминаҳои дигар, беҳтарин роҳкори тазминкунандаи нақши Теҳрон дар кишвари мо ҳузури сармоя, дониши фаннӣ ва фанноварии он мебошад, ки умед аст раиси ҷумҳури нави Эрон ба он таваҷҷуҳ нишон хоҳад дод.

Ёдовар мешавем, ки интихоботи президентӣ дар Эрон баъди марги Сайидиброҳими Раисӣ, раиси ҷумҳури пешини ин кишвар дар пайи суқути чархбол пеш омад. Чархболи ҳомили раиси ҷумҳури Эрон Сайидиброҳими Раисӣ рӯзи 19-уми май дар роҳи баргашт аз Табрез дар минтақаи Озарбойҷони шарқӣ суқут кард ва дар пайи ин ҳодиса маҷмаан 8 нафар бо шумули Ҳусейн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷии ин кишвар ҷон бохтанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.