Имрӯз, 27 май дар робита ба 20-солагии ба имзо расидани Аҳднома миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон байни сарони ин кишварҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров мубодилаи барқияҳои табрикӣ сурат гирифт.

Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон ба ин муносибат Садир Жапаровро табрик намуда, зикр кард, ки “ин санади бунёдӣ асосҳои ҳуқуқии муносибатҳои кишварҳои моро дар шароити нави давлатдорӣ таҳким бахшида, заминаи мусоиди рушди ҳамкориро дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн фароҳам овард”.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки татбиқи амалии муқаррароти Аҳднома дар оянда низ барои пешбурди босамари ин раванд бар асоси усулҳои созандагӣ, равобити дӯстона, ҳамсоягии нек, эҳтиром ва эътимоди байниҳамдигарӣ хизмат хоҳад кард.

“Дар ин зимн алоқамандии ҷониби Тоҷикистонро ба идомаи муколамаи байнидавлатии ду кишвар ва талошҳои муштараки минбаъда ҷиҳати   густариши бомароми робитаҳои гуногунҷанбаи ҷонибҳо таъкид менамоям”, - овардааст гуфтаҳои Эмомалӣ Раҳмонро хадамоти матбуот.

Сарвари давлати Тоҷикистон ба Садир Жапаров сиҳатмандии бардавом ва дар фаъолияти давлатиааш комёбиҳо ва ба мардуми Қирғизистон сулҳу суботи пойдор ва пешрафту шукуфоӣ орзу кардааст.

Дар навбати худ, президенти Қирғизистон Садир Жапаров низ Эмомалӣ Раҳмонро табрик карда, иҳори итминон кардааст, ки “таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ дар заминаи эҳтироми ҳамдигар, эътимод, ризоият ва баробарҳуқуқӣ заминаи зарурӣ барои рушди минбаъдаи ҳамкории бисёрҷанбаи дуҷониба ташкил дода, ҷавобгӯи манфиатҳои умумии мардумони мо мебошад”.

“Бовар дорам, ки мо дар такя ба натиҷаҳои мавҷуда ва бо талошҳои муштарак метавонем таҳкими минбаъдаи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва шарикии мардумони Қирғизистону Тоҷикистонро таъмин намоем”, - таъкид доштааст президенти кишвари ҳамсоя.

Жапаров ба сарвари давлати Тоҷикистон саломатии бардавом, некуаҳволӣ ва дар фаъолияти давлатиаш муваффақият, инчунин ба мардуми Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ таманно кардааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.