Муовини сарвазири Тоҷикистон, раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ Азим Иброҳим ҷаласаи Шӯрои мазкурро баргузор кард.

Муовини сарвазир аз роҳбарони сохторҳои масъул, ки бехатарии маҳсулоти хӯроквориро таъмин мекунанд, талаб кард, ки оид ба нақшаи корҳои иҷрошуда дар самти таъмини бехатарии маҳсулот дар доираи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ дар соли 2019 ҳисобот пешниҳод кунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод.

Дар ҷаласа таъкид шуд, ки соли равон ба сохторҳои марбута пешгирии воридоти маҳсулоти гӯштӣ ва қаннодии пастсифат ба ҷумҳурӣ муяссар шуд.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳиссаи маҳсулоти дар боло зикршудаи истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ ба таври назаррас афзуд.

Муовини сарвазир таъкид кард, ки бо вуҷуди аз моҳи августи соли 2016 манъ шудани воридоти равғани нахл (палма) ба Тоҷикистон, то ҳол баъзе ҳолатҳои ҷудогонаи воридоти қочоқии он ҷой доранд.

Дар ин робита Азим Иброҳим хадамоти дахлдорро вазифадор кард, ки “аз воридоти равғани нахл, маҳсулоти пастсифати гӯштиву ширӣ ва тухми мурғ қотеъона пешгирӣ шавад”.

Ба ҷуз ин, муовини сарвазир талаб кард, ки назорат аз болои сифати маҳсулоти хӯроквории дар дохили кишвар истеҳсолшуда пурзӯр карда шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.