Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки тӯли соли равон ба иқтисоди кишвар дар ҳаҷми беш аз 8,7 млрд. сомонӣ (наздики 900 млн. доллар) сармоягузории хусусӣ ҷалб кунад.

Мувофиқи санадҳои дахлдори қабулшуда, соли 2020 ҳаҷми ҷалби сармояи хусусӣ бояд то ба 10%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и ҷумҳурӣ расонида шавад. Аз рӯйи натиҷаҳои соли ҷорӣ ММД дар ҳаҷми 87,4 млрд. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Бино ба маълумоти оморӣ, тайи 7 соли охир ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон 57,3 млрд. сомонӣ сармоягузориҳои хориҷӣ сурат гирифтааст, ки қариб 30 млрд. сомонии онро сармоягузориҳои мустақим ташкил медиҳанд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паём ба парлумон изҳор дошт, ки ҳукумат ба масъалаи сармоягузории соҳаҳои иқтисод ҳамчун воситаи асосии саноатикунонии босуръат таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад.

Ӯ қайд кард, ки дар самти беҳбуди муҳити сармоягузорӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сармоягузориҳои хориҷӣ тадбирҳои мушаххас рӯйи кор гирифта мешаванд.

Қобили зикр аст, ки тайи солҳои охир сармоягузории хориҷӣ ба кишвар асосан аз Чин ворид мешавад. Ҳаҷми умумии сармоягузориҳои мустақими Чин ба иқтисоди Тоҷикистон наздики 1,5 млрд. долларро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, маблағи умумии сармоягузориҳои мустақим аз Русия, ки то соли 2017 аз лиҳози маблағгузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон пешсаф буд, алҳол аз ҳудуди 1 млрд. доллар нагузаштааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.