Ҳукумати Тоҷикистон ҷалби қарзи Бонки аврупоии таҷдиду рушдро ба маблағи 150 млн. доллар барои сохтмони қитъаи 44-километраи роҳи мошингарди Обигарм-Нуробод ба нақша гирифтааст.

Лоиҳаи созишномаи қарзӣ таҳия ва бо қарори ҳукумат ҷиҳати маъқул шуморидан ва имзо ба вазорату идораҳои дахлдор фиристода шудааст.

Моҳи декабри соли гузашта Бонки осиёии рушд (БОР) ҷудо кардани грантро дар ҳаҷми 110 млн. доллар барои сохтмони қитъаи 30-километраи ин роҳи мошингард, ҳамчунин бунёди 30 километр роҳҳои дуюмдараҷа байни деҳоти роҳи Обигарм ва Нуробод маъқул донист.

Сохтмони роҳ ба масофаи 75 километр аз канори обанбори Роғун ба се қисмат ҷудо мешавад. БОР ва Фонди рушди байнулмилалии ОПЕК (Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт) ҳамроҳ ба бунёди қитъаи 30-километраи роҳ аз Обигарм то Тоҷи Қамар, аз ҷумла, ду нақб бо масофаи умумии 3,3 километр маблағгузорӣ мекунанд, ки тақрибан 178 млн. доллар арзёбӣ мешавад.

Барои бунёди ин роҳ ҳукумати Тоҷикистон ҳамчунин ба ҷалби қарзи Бонки осиёии сармоягузории зерсохторӣ дархост пешниҳод кардааст.

Аз ҳисоби маблағҳои ин бонк сохтмони пул дар обанбори нерӯгоҳи Роғун ва роҳҳои ҳамшафат ба он пешбинӣ мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.