Тоҷикистон имсол интиқоли гази табииро аз Ӯзбекистон ба сеяки ҳаҷми қаблӣ зиёд карданист.

Зимни нишасти матбуотии рӯзи 27-уми январ дар Душанбе муовини аввали раиси ҶСК “Тоҷиктрансгаз” Шавкат Шоимзода хабар дод, ки айни замон бо ҷониби Ӯзбекистон оид ба имзои қарордод дар бораи ҳаҷми интиқоли гази ҳамсоякишвар ба Тоҷикистон дар соли 2020 гуфтушунидҳо ҷараён доранд.

Вай афзуд, ба нақша гирифта шудааст, ки дар бораи интиқоли газ аз кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 200 млн. метри мукааб қарордод баста шавад.

Ба гуфтаи Шоимзода, соли гузашта аз Ӯзбекистон ба маблағи умумии 17,7 млн. доллар 140 млн. метри мукааб гази табиӣ ба Тоҷикистон интиқол дода шуд.

Таъкид гардид, ки дар муқоиса бо соли 2018 ҳаҷми интиқоли газ аз Ӯзбекистон ба ҷумҳурӣ аз 55 млн. метри мукааб (ба маблағи 6,9 млн. доллар) 2,6 баробар афзуд.

Шоимзода қайд кард, ки истеъмолгари асосии гази Ӯзбекистон Ширкати алюминийи тоҷик “ТАЛКО” мебошад.

Ҳамчунин бо ин навъи сӯзишвории ҳамсоякишвар чанде аз корхонаҳои дигар, аз ҷумла, Маркази барқу гармидиҳии Душанбе низ таъмин мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон аз моҳи апрели соли 2018 пас аз танаффуси шашсола дубора барқарор шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.