Раҳбарияти вилояти Хатлон ният дорад, ки то охири сол дар Маскав бо иштироки соҳибкорони Тоҷикистону Русия ҳамоиши “Имконоти сармоягузории вилояти Хатлон”-ро баргузор кунад.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия, дар намояндагии дипломатии ҷумҳурӣ вохӯрии намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти сарварии муовини раиси вилоят Раҷабалӣ Раҷабов бо соҳибкорони тоҷик ва роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии Тоҷикистон дар Русия баргузор шуд.

Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов гуфт, ки ҳадаф аз баргузории чорабинӣ ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди кишвар, роҳандозии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва барқарор кардани робитаҳои мустақими корӣ байни ширкатҳои Тоҷикистону Русия мебошад.

Зимни вохӯрӣ ба ҳозирин имкониятҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар вилояти Хатлон барои амалисозии фаъолияти соҳибкорӣ ва тиҷоратӣ муаррифӣ шуданд.

Раҷабалӣ Раҷабов зарурати рушд ва таҳкими ҳамкориҳоро бо соҳибкорони Русия ҷиҳати амалисозии лоиҳаҳои муштарак таъкид кард, ки ба рушди хоҷагии халқи минтақаи Хатлон, инчунин таъсиси корхонаҳои хурду миёна равона мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.