Дар Тоҷикистон қонунгузорӣ барои андозбандии хизматрасонии электронӣ таҳия шудааст. Он пас аз ним сол – моҳи сентябр мавриди амал қарор гирифта метавонад.

Дар лоиҳаи Кодекси нави андози Тоҷикистон як боб дохил шудааст, ки ба андозбандии хизматрасонии электронии ширкатҳои хориҷӣ дар ҷумҳурӣ равона шудааст.

Аз ҷониби муаллифон сабаби ин пешниҳод афзоиши босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва савдо тариқи шабакаи интернет маънидод мешавад.

Гуфта мешавад, зимни таҳияи қонунгузорӣ аз таҷрибаи кишварҳое чун Ӯзбекистон, Русия, Беларус, Испания, Юнон ва Маҷористон истифода шудааст.

Роҳбарияти Кумитаи андоз тайи солҳои охир чандин маротиба изҳор дошт, ки ширкатҳои хориҷӣ, аз ҷумла, Google, Apple, Microsoft, Facebook бояд андоз пардозанд, зеро аз ҳисоби пешниҳоди хизматрасониҳои электронӣ дар қаламрави кишвар даромад мегиранд.

Лоиҳаи Кодекси нави андози Тоҷикистон айни замон мавриди баррасии ҳукумат қарор дошта, қабулаш моҳи сентябр дар назар аст.

Боби пешниҳодшуда (Хусусиятҳои андозбандии хизматрасониҳои электронии шахсони хориҷӣ) аз 5 модда иборат аст: Андозсупорандагон; Тартиби баҳисобгирии (аз ҳисоб баровардани) шахсони хориҷие, ки хизматрасониҳои электрониро анҷом медиҳанд; Объекти андозбандӣ ва манбаи андоз. Давраи андоз ва тартиби ҳисоби андоз; Тартиби пешниҳоди ҳисоботи андоз ва пардохти андоз; Хизматрасониҳои электронӣ.

Андозсупорандагон

Шахсони хориҷие, ки мустақиман ба шахсони воқеӣ хизматрасониҳои электрониро анҷом медиҳанд ва маҳалли чунин хизматрасониҳо ҳудуди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ҳамчун андозсупоранда эътироф мешаванд.

Агар чунин хизматрасониҳо ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродии Тоҷикистон ва муассисаҳои доимии шахсони ҳуқуқии хориҷӣ амалӣ карда шаванд, шахсони мазкур – харидорони чунин хизматрасониҳо агентҳои андоз эътироф карда мешаванд. Дар ин ҳолат  миёнаравон ба пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ба буҷет уҳдадор мешаванд.

Агар чунин хизматрасониҳо бо иштирок дар ҳисоббаробаркуниҳои занҷираи ҳаммаслаки якчанд шахсони ҳуқуқӣ-миёнарав анҷом дода шаванд, агенти андоз шахси хориҷӣ-миёнараве, ки бевосита дар ҳисоббаробаркуниҳо бо шахсони воқеӣ иштирок дошт, новобаста ба мавҷуд будани шартномаҳо оид ба чунин хизматрасониҳо бо шахсони хориҷӣ, дониста мешавад. Ташкилоти миёнарав – ширкати хориҷӣ ҷиҳати бақайдгузории худ дар мақомоти андози Тоҷикистон уҳдадор мебошад.

Тартиби баҳисобгирӣ

Шахсони хориҷие (агенти андозе), ки мустақиман ба шахсони воқеӣ хизматрасониҳои электрониро анҷом медиҳанд, дар асоси пешниҳоди ариза ва дигар ҳуҷҷатҳо аз рӯйи шакли тасдиқнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ба таври электронӣ ба ҳисоб гузошта (аз ҳисоб бароварда) мешаванд.

Ариза дар бораи баҳисобгирии (аз ҳисоб баровардани) шахсони хориҷӣ ба Кумитаи андоз на дертар аз 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи оғоз (қатъ) намудани хизматрасониҳои электронӣ пешниҳод карда мешавад.

Иҷрокунандаи хориҷии хизматрасониҳо (агенти андоз) аризаро ба мақомоти андоз ба воситаи намояндаи худ, тариқи почта бо мактуби фармоишӣ ё тавассути Интернет ба сомонаи расмии Кумитаи андоз пешниҳод карда метавонад.

Объекти андозбандӣ ва манбаи андоз

Объекти андозбандӣ даромад аз ҳисоби амалӣ кардани хизматрасониҳои электронӣ ба шахсони воқеӣ мебошад.

Манбаи андоз ҳангоми хизматрасониҳои электронӣ ба шахсони воқеӣ аз рӯйи арзиши хизматрасониҳо бе назардошти маблағи андоз муайян карда мешавад

Шахсони хориҷӣ ҳисоб ва пардохти андозро мустақилона таъмин мекунанд, агар уҳдадорӣ доир ба пардохти андоз ба зиммаи агенти андоз гузошта нашуда бошад.

Тартиби пешниҳоди ҳисоботи андоз ва пардохти андоз

Ширкатҳои хориҷӣ (агентҳои андоз) эъломияи андозро дар шакли муқарраркардаи мақоми ваколатдори давлатӣ тариқи утоқи шахсӣ дар шакли электронӣ пешниҳод мекунад.

Эъломияи андоз, ҳуҷҷатҳо (маълумот) ва маълумоти дигар ҳар семоҳа на дертар аз санаи 10-уми моҳе, ки баъд аз давраи андоз фаро мерасад, пешниҳод карда мешаванд.

Дар лоиҳаи Кодекси нави андоз маблағи ААИ дар ҳаҷми 15% пешниҳод шудааст.

Хизматрасониҳои электронӣ

Ба хизматрасониҳои электронӣ хизматрасониҳое дохил мешаванд, ки тавассути шабакаи иттилоотию коммуникатсионӣ (аз ҷумла, интернет) ба таври автоматӣ бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ амалӣ мегарданд.

Ба хизматрасониҳои электронӣ инҳо дохил мешаванд:

- додани ҳуқуқи истифодаи таъминоти барномавӣ барои мошинҳои электронии ҳисобкунӣ (аз ҷумла, бозиҳои компютерӣ);

- хизматрасониҳои рекламавӣ дар шабакаи иттилоотию коммуникатсионӣ (интернет);

- хизматрасониҳо оид ба ҷойгиркунии таклифҳо дар бораи хариди (фурӯши) молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) ва ҳуқуқ ба моликият дар шабакаи иттилоотию коммуникатсионӣ (интернет);

- ташкили робитаҳои виртуалӣ байни контрагентҳо (байни фурӯшандагон ва харидорон);

- таъмин ва (ё) нигоҳдории мавҷудияти тиҷоратӣ (ё шахсӣ), инчунин дастгирии захираҳои электронии истифодабарандагон, аз ҷумла, сомонаҳо ва (ё) саҳифаҳои сомонаҳо дар шабакаи иттилоотию коммуникатсионӣ;

- нигоҳдорӣ ва коркарди иттилоот бо шарте, ки шахси чунин иттилоотро пешниҳодкарда имконияти дастрасӣ ба он тавассути шабакаи иттилоотию коммуникатсионӣ дошта бошад;

- тавассути низоми вақти воқеӣ пешниҳоди иқтидорҳои ҳисобкунӣ барои ҷойгир кардани иттилоот дар системаи иттилоотӣ;

- номгузории доменҳо, расонидани хизматҳои хостингӣ;

- хизматрасониҳо оид ба маъмурикунонии системаҳои иттилоотӣ, сомонаҳо дар шабакаи иттилоотию коммуникатсионӣ;

- ҳамагуна шабакаи автоматикунонидашудаи иттилоотию коммуникатсионии аз ҷониби харидори хизматрасонӣ идорашаванда, инчунин доир ба ҷустуҷӯйи маълумот, интихоб ва гурӯҳбандии онҳо тибқи дархост, ки маълумоти мазкурро ба истифодабарандагон тавассути шабакаи иттилоотию коммуникатсионӣ пешниҳод мекунанд (бахусус, маълумоти биржаҳои фондӣ ва анҷом додани интиқоли автоматишуда дар низоми вақти воқеӣ);

- додани ҳуқуқ барои истифодабарии китобҳои электронӣ (нашрияҳо) ва дигар интишороти электронӣ, маводи иттилоотию таълимӣ, асарҳои мусиқӣ бо матн ё бе матн, асарҳои аудивизуалӣ, аз ҷумла, бо роҳи пешниҳоди дастрасии фосилавӣ барои тамошо ё шунидани онҳо тариқи шабакаи иттилоотию коммуникатсионӣ;

- дастрасӣ ба системаҳои ҷустуҷӯйӣ дар шабакаи иттилоотию коммуникатсионӣ;

- пешбурди омор дар сомонаҳои шабакаи иттилоотию коммуникатсионӣ.

Ба хизматрасониҳои электронӣ амалиёти зерин дохил намешаванд:

- агар фармоиши хариди мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) тавассути шабакаи иттилоотию коммуникатсионӣ анҷомдодашуда, таъмини онҳо бидуни истифодаи шабакаи иттилоотию коммуникатсионӣ бо воситаи нуқтаҳои гумрукӣ ворид гардад;

-хизматрасониҳои машваратӣ тавассути почтаи электронӣ;

- хизматрасониҳо вобаста ба додани дастрасӣ ба шабакаи иттилоотию коммуникатсионӣ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.