Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) ҷудошавии қарзи имтиёзнокро ба маблағи 189,5 млн доллар барои дастгирии буҷети Тоҷикистон тасдиқ кард. Яке аз шартҳои Хазина бар ивазаш бозбинии нишондиҳандаҳои буҷети давлатии кишвар барои соли 2020 мебошад.
“Хазина пешниҳод мекунад, ки даромадҳои соли равон пешбинишуда ба буҷет ба маблағи беш аз 3,2 млрд сомонӣ (қариб 225 млн доллар) бозбинӣ шаванд”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ.
“Вазорати молия охири сол 23,7 млрд сомонӣ ба буҷет даромад гирифтанро дар нақша дошт. ХБА пешниҳод мекунад, ки 20,5 млрд сомонӣ даромадро дар назар доштан лозим аст. Аз ҷумла, 2,7 млрд сомонӣ кам кардани нақшаи даромад аз андозҳо пешниҳод мешавад”, - қайд кард манбаъ.
Ҳамчунин, ба гуфтаи манбаъ, ХБА 1,2 млрд сомонӣ (117 млн доллар) коҳиш додани қисмати хароҷоти буҷетро пешниҳод кардааст.
“Хароҷоти умумии Буҷети давлатӣ дар соли равонро Вазорати молия 27,9 млрд сомонӣ муқаррар карда буд. Хазина қаноат кардан ба маблағи 26,7 млрд сомониро пешниҳод мекунад”, - таъкид дошт ӯ.
Дар Вазорати молия ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки дар шароити таъсири пандемияи коронавирус маҷбуранд, ба ҳукумат бозбинии нишондиҳандаҳои буҷетро дар соли равон пешниҳод кунанд.
“Мувофиқи ҳисоби пешакӣ, то охири сол аз маблағҳои пардохти андоз ва ғайриандозӣ ба буҷет метавонад беш аз 2,3 млрд сомонӣ камтар ворид шавад”, - гуфтанд дар вазорат.
Тибқи маълумоти Вазорат, азбаски хароҷоти буҷет ба воридоти даромад вобаста аст, кам кардани он ба сохтмони иншооти ҳоло бунёдаш оғознашуда ва ғайриафзалиятнок, таъмир, инчунин харидории техникаву таҷҳизот, мебел ва ғайра пешбинӣ мешавад.
Чунин хароҷот мувофиқи ҳисоби Вазорати молия, 10-12% дар ҳар кадоме аз соҳаҳоро ташкил дода метавонанд.
Ёдрас мекунем, ки Хазина рӯзи 6-уми май ба Тоҷикистон ҷудо шудани 189,5 млн долларро тибқи механизми қарздиҳии тезонидашуда тасдиқ кард. Он ба қонеъ сохтани талаботи таъҷилӣ ба маблағгузории тавозуни пардохт ва эҳтиёҷоти буҷет марбут ба пандемияи коронавирус равона мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.