Ҳаҷми савдои хориҷии Тоҷикистон тӯли 6 моҳи соли равон 2,14 млрд долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 51 млн доллар зиёдтар аст.

Сардори Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ Хуршед Каримзода ба журналистон хабар дод, ки аз ҳаҷми умумии савдои хориҷӣ 1,5 млрд доллар ба воридот рост меояд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли пешин 51,5 млн доллар камтар аст.

“Аз ин ҳаҷм 640,7 млн доллар ба содирот рост меояд, ки нисбат ҳамин давраи соли пешин 102,6 млн доллар бештар аст, - гуфт ӯ. - Ба ин тариқ, ҳаҷми воридот 3,3% кам шуда, содирот - 19,1% афзуд”.

Дар ҳамин ҳол, ӯ қайд кард, ки дар сохтори умумии гардиши молу маҳсулот ҳиссаи воридот 70,1% ва содирот - 29,9%-ро ташкил медиҳад.

Давоми 6 моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон бо 106 кишвари дунё муомилоти молу маҳсулот анҷом додааст.

Ҳамчунин қайд шуд, ки аз ҳаҷми умумии содиро 21,3% ё худ 136,6 млн доллар ба кишварҳои хориҷи наздик ва 504,1 млн доллар ба давлатҳои хориҷи дур рост меояд.

Харидорони молу маҳсулоти Тоҷикистон дар ин давра Туркия (16,3% аз ҳаҷми умумии содирот), Қазоқистон (13,3%), Афғонистон (6,2%), Ӯзбекистон (4,4%), Чин (2,7%) , Русия (2,6%) , Белгия (2,1%) ва Италия (1,2%) дониста шудаанд.

“Дар қиёс бо 6 моҳи соли 2019 имсол ҳаҷми содироти молу маҳсулот ба Ӯзбекистон ба миқдори 55,2 млн доллар, Чин - 10,5 млн, Эрон - 7,3 млн ва Қазоқистон - 6,6 млн доллар кам шуд”, - илова кард Каримзода.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.