Парлумони Тоҷикистон имрӯз, 3 март Созшномаи грантиро байни ҳукумати ҷумҳурӣ ва Бонки осиёии рушд (БОР) оид ба лоиҳаҳои “Барномаи рушди соҳаи энергетика” ва “Устувории шабакаи роҳҳо” тасдиқ намуд.
Барномаи грантии рушди соҳаи энергетика дар ҳаҷми 105 млн доллар ба амалисозии ислоҳоти ҷорӣ дар соҳаи энергетика суръат бахшида, баҳисобгирии чаканаи истифодаи барқ ва шабакаҳои тақсимоти ҷараёни паст ва миёнаро дар ҳафт шаҳр беҳтар мекунад.
Зимни суханронӣ доир ба ин масаъала вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода қайд кард, ки ин маблағҳо ба рушди шабакаҳои барқи шаҳрҳои Душанбе, Конибодом, Исфрара, Истаравшан ва ноҳияи Данғара равона мешаванд.
Аз ҳисоби маблағҳои грант ҳудуди 400 ҳазор ҳисобкунакҳои барқ ва 264 адад трансформаторҳои пуриқтидор харида мешаванд.
Ғайр аз ин, Бонки осиёии рушд барои корҳои таъмиру навсозии роҳи байни шаҳраки Ҳулбук ва маркази ноҳияи Темурмалик 73 млн доллар кумаки бебозгашт ихтисос медиҳад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.