Қазоқистон ба Тоҷикистон ба ивази оби полезӣ барои кишти шолӣ техника ва маводи сӯзишвориву молиданӣ медиҳад, хабар додааст ба рӯзноманигорон муовини вазири экология, геология ва захираҳои табиии Қазоқистон Серик Кожаниёзов.
Зарурати чунин муомилотро намояндаи вазорат камуди оби полезӣ дар мавсими кишти шолӣ дар вилояти Қизилорда маънидод кардааст.
“Камбуди обро дар Сирдарё натанҳо Қазоқистон, балки Қирғизистону Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳам “мушоҳида карданд”, - гуфтааст Кожаниёзов.
Ба гуфтаи ӯ, ин мушкилот дар сатҳи давлатӣ ҳал шуда, ҳукуматҳо созишнома ва барномаҳои байниҳукуматӣ таҳия мекунанд.
Кожаниёзов зикр кардааст, ки яке аз чунин тадбирҳо мубодилаи мол бо кишварҳои ҳамсоя мебошад.
“Ба ин тариқ, ба ивази 370 млн метри мукааб Қирғизистон 370 млн кВт/соат ва Ӯзбекистон - 250 млн кВт/соат неруи барқ мегиранд, - илова кардааст ӯ. - Ба Тоҷикистон техника ва маводи сӯзишворӣ дода, имкон пайдо мекунем, ки аз поёноби Сирдарё иловагӣ 300-400 млн метри мукааб об гирем”.
Ёдрас мекунем, ки қаблан ин Вазорати Қазоқистон дар бора обгирии иловагии оби полезӣ аз Тоҷикистон хабар дода буд.
Зикр шуда буд, ки байни Тоҷикистону Қазоқистон дар бораи моҳҳои июн-август аз обанбори “Баҳри тоҷик” (обанбори Қайроққум) 315 миллион метри мукааб оби полезии иловагӣ ба Қазоқистон додан тавофуқ ҳосил шудааст.
“Қазоқистон дар ивази оби полезӣ ба Тоҷикистон дар сурати паёмадҳои манфии камобӣ иловатан ба обанбори “Баҳри тоҷик” кӯмаки моддиву фаннӣ мекунад”, - шарҳ додааст ин масъаларо вазири экология, геология ва захираҳои табиии Қазоқистон Магзум Мирзагалиев.
Аз соли 2015 ҳаҷми (лимити) обгирии Тоҷикистон аз Сирдарё дар мавсими обёрӣ (моҳҳои апрел-сентябр) 1 млрд 910 млн метри мукааб муқаррар мешавад.
Аммо дар амал ҷумҳурӣ ҳамасола ҳиссаи худро пурра намегирад. Ба ин тариқ, дар давраи баҳору тобистони соли 2020 Тоҷикистон аз Сирдарё 1 млрд 450 млн метри мукааб об гирифт, ки 460 млн метри мукааб ё худ 24% камтар аз ҳаҷми пешбинишуда мебошад.
Дар ҳамин ҳол, ба ҳамин монанд муроҷиати Ӯзбекистонро тобистони соли гузашта Тоҷикистон қонеъ кард.
Дар натиҷа, аз ҷумла бо ҳамин сабаб низ, дар мавсими тирамоҳу зимистон камбуди шадиди захираҳои обӣ-энергетикӣ ба мушоҳида расида, интиқоли барқ ба манотиқи деҳот шадидан маҳдуд шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.