Мизони таваррум дар бозори истеъмолии ҷумҳурӣ давоми моҳҳои январ-октябр 6,3%-ро ташкил дод.

Нархи маҳсулоти озуқаворӣ ба андозаи 5,3%, маҳсулоти ғайриозуқа - 6,6% ва таърифаҳои хидматрасонии пклакӣ ба аҳолӣ - 8,9% боло рафт, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ

Маҳсулоти озуқаворӣ:

- равғани растанӣ –  23,4%;

- маҳсулоти гӯштӣ – на 15,3%;

- сабзавот – 9,3%;

- орди гандум – 6,9%.

Маҳсулоти ғайриозуқа:

- гази моеъ – 1,8 баробар;

- бензин – 1,7 баробар;

- сӯзишвории дизелӣ – 55,9%;

- воситаҳои шустан – 0,5%.

Хидматгузории пулакӣ:

- хидматрасонии нақлиёти мусофирбар – 11,4%;

- хидматрасонии таҳсил - 7,8%;

- хидматрасонии тарабхона ва меҳмонхонаҳо - 3,7%.

Нишондиҳандаи таваррум барои соли 2021 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи 6,0% (+/-2 б.ф.) муқаррар шудааст. Дар соли 2020 низ дар ҳамин сатҳ болоравии нарху таърифаҳо дар назар буд, лекин аз рӯйи натиҷаҳои сол сатҳи таварруми рекордӣ тайи даҳ соли ахир - 9,4% ба қайд гирифта шуд.


Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.