Нархи пахта дар бозори ҷаҳонӣ 30% боло рафт, ки ин нишондиҳанда рекордӣ тайи зиёда аз 10 солиахир мебошад. Сабаби болоравии нархи он хушксолиҳо ва гармии ғайримаъмулӣ арзёбӣ мешавад.

Бино ба маълумоти Агентии Bloomberg, бар асари хушксолӣ ҳудуди 200 ҳазор тонна пахта нобуд шуд. Пахта аз ҳама бештар дар Ҳиндустон, ИМА ва Бразилия истеҳсол мешавад. Заминҳои кишти ИМА ва Бразилия осеб диданд.

Коршиносон тахмин мезананд, ки болоравии нархи пахта ба 20-30% боло рафтани нархи сарулибос ва пойафзол аз матои пахтагӣ боис мегардад.

Сарфи назар аз он, ки Ҳиндустон дар истеҳсоли пахта пешсаф аст (ҳамасола зиёда аз 6 млн тонна), ҳамзамон воридкунандаи бузурги нахи пахта мебошад. Аз лиҳози содирот ИМА ва Бразилия пешсафанд, ки ба ҳиссаи онҳо нисфи содирот дар ҷаҳон (мутаносибан 33% ва 17%) рост меояд.

Дар ИМА хушксолӣ вазъи хоҷагиҳоро бад карда, метавонад истеҳсолотро дар тӯли беш аз даҳ сол ба пасттарин сатҳи худ расонад. Бразилия низ бо гармои шадид ва хушксолӣ дучор гардида, ҳосили зироатҳо аллакай тақрибан 30% коҳиш ёфтааст.

Падидаҳои обуҳавои ғайримуқаррарӣ, ки дар натиҷаи тағирёбии иқлим ба вуҷуд омадаанд, нархи пахтаро то 30% боло бурда, аввали соли равон онҳо ба сатҳи баландтарини худ аз соли 2011 расида буданд.

Боронҳои бемаҳал дар Ҳиндустон, Чин, Австралия, Покистон, Бразилия ва дигар кишварҳо низ ба бад шудани сифати ашёи хом боис гардид.

Бозингарони асосӣ

Вазъи ҷорӣ дар бозори ҷаҳонии пахта асосан ба сиёсати ду бозингари бузург - Чин ва ИМА вобаста аст. Айни замон, нишондиҳандаи асосии нархи биржа барои бозори пахта шартномаи фьючерсии пахта мебошад, ки дар биржаи Ню-Йорк ICE Futures U.S. савдо мешавад.

Шартномаи фьючерсҳои пахта дар биржаи ICE Futures U.S. бо доллари ИМА барои як фунт савдо мешавад ва вазъи саноати пахтаи ИМА ва содироти ИМА-ро инъикос мекунад. Он ба сифати стандартии сифати Upland Cotton бо дарозии нахи 20-30 мм асос ёфтааст.

Пахта инчунин дар биржаи молии Zhengzhou Commodity Exchange (ZCE)-и Чин  ҳамчун шартномаи фьючерсӣ савдо мешавад ва бо юан барои як тонна нархгузорӣ шудааст. Қарордод барои кор дар бозори Чин баста мешавад. Дар биржаи ZCE инчунин шартномаи фьючерсии таҳвилшаванда барои риштаи пахта низ савдо карда мешавад.

Тоҷикистон заминҳои киштро кам мекунад

Тибқи маълумоти Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ дар майдони 181 ҳазору 542 гектар пунбадона кишт шудааст, ки 2,4% ё худ 4 ҳазору 458 гектар камтар нисбат ба нақшаи дар аввали сол пешбинишуда аст.

Қобили зикр аст, ки дар Точикистон майдони кишти пахта сол аз сол кам мешавад. Бо вуҷуди ин, аз ҳисоби баланд бардоштани ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар ба даст овардани ҳамон ҳаҷми ҳосили пахта (тақрибан 400-420 ҳазор тонна) пешбинӣ мешавад.

Дар ҳамин ҳол, ҳукумати кишвар ният дорад, ки дар се соли оянда содироти нахи пахтаро 20 ҳазор тонна кам кунад. Дар ин бора дар Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024 маълумот дода мешавад.

Мувофиқи ин санад, соли ҷорӣ содироти 60 ҳазор тонна нахи пахта ба маблағи 89,9 млн доллар пешбинӣ гардида, дар соли 2023 ин нишондиҳанда 50 ҳазор тонна (78,6 млн доллар) ва соли 2024 - 40 ҳазор тонна (66,1 млн доллар) дар назар дошта шудааст.

Тибқи маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нав, дар ҷумҳурӣ ҳудуди 30 корхонаи саноати нассоҷӣ (текстил) амал мекунад, ки иқтидори умумии коркарди онҳо то 70 ҳазор тонна нахи пахта дар як солро ташкил медиҳад. Аммо дар ин корхонаҳо дар як сол ҳамагӣ ҳудуди 20 ҳазор тонна ашёи хом коркард мешавад.

Дар кишвар асосан давраи якуми коркарди нахи пахта амалӣ мешавад, яъне ришта истеҳсол шуда, баъе корхонаҳо онро то сатҳи матоъ мерасонанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.