Дафтари матбуоти ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз роҳандозии парвозҳо ба пойтахти Эрон – Теҳрон хабар медиҳад.
Интизор меравад, ки нахустин парвоз 31-уми январи соли 2023 анҷом шавад. Вақти парвоз аз Душанбе соати 17:30, аз Теҳрон соати 20:20 ба вақти маҳаллӣ мебошад.
Тибқи ҷадвали муқарраршуда, аз 10-уми феврал парвозҳо аз Душанбе ба Теҳрон ҳафтае як маротиба - рӯзҳои ҷумъа анҷом дода мешаванд. Парвоз аз Душанбе — соати 14.30, аз Теҳрон — соати 17.20 ба вақти махаллӣ сурат мегирад.
Вақти сафар аз Душанбе то Теҳрон - 2 соату 50 дақиқа, дар самти муқобил - 2 соату 20 дақиқа мебошад.
Парвозҳо дар ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва -900 анҷом дода мешаванд.
Барои маълумоти иловагӣ ба маркази тамоси ширкати ҳавопаймоӣ муроҷиат кунед:
+992 (44) 640 40 49,
+992 (44) 640 40 50,
+992 (93) 777 74 59.
Ширкати "Сомон Эйр" аз соли 2008 дар бозори байналмилалӣ фаъолият дорад ва узви Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) мебошад. Парки ширкати "Сомон Эйр" аз ҳавопаймоҳои оилавии Boeing 737-800 ва 737-900 иборат аст.
Ширкат ба тавсеаи шабакаи масири ҳамлу нақли ҳавоӣ тамаркуз карда, айни замон аз Тоҷикистон ба Олмон, Имороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон парвозҳои мунтазам анҷом медиҳад.