Дар доираи Форуми байналмилалии  иқтисодии «Русия – ҷаҳони ислом: KazanForum» рӯзи 16 май байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои Тотористони Русия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ба имзо расид.

Тавре ки Вазорати нақлиёти ҶТ хабар медиҳад, Ёддошти тафоҳумро   вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва  вазири нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои Тотористон  Фарит Ханифов  имзо намуданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳадаф аз имзи Ёддошт инкишоф ва таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманд, дар сатҳи сифатан нав ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёт ва мусоидат ба ҷалби коргарони соҳибихтисос ва субъектҳои тарафҳо барои ташкили корхонаҳо дар соҳаи нақлиёт мебошад.

Маросими имзои Ёддошти тафоҳум
Сурат: mintrans.tj

Гуфта мешавад, Тоҷикистону Тотористон ба тафоҳум омаданд, ки барои ҷалби кормандони соҳибихтисос аз Тоҷикистон дар соҳаи ҳамлу нақли мусофирон шароит муҳайё месозанд, инчунин бо мувофиқа бо тарафи манфиатдор тартиби будубоши шаҳрвандон (ронандаҳо, муҳандисон, назоратчиён ва дигар кормандони ёрирасон)-ро бо  кафолатҳои иҷтимоӣ таъмин менамоянд.

Интизор меравад, ки амалӣ гардидани ёддошти имзошуда барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Тотористон садҳо ҷойҳои корӣ бо шароити зисту зиндагонии мусоид, маоши хуб, дарстрасӣ ба ҳифзи иҷтимоии кормандон ва ғайраро  фароҳам оварда, ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани хизматрасонии мусофирбарӣ барои сокинони шаҳрҳои ҷанубу шарқии Тотористон – Бугулма ва Лениногорск мусоидат мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.