Тоҷикистон мақсад гузоштааст, ки то соли 2030 аз кишвари аграрӣ ба саноатӣ табдил ёбад.
Ҳукумат ба сифати вазифаи асосӣ таъмини рушди босуръати саноатро дар муқоиса бо дигар бахшҳои иқтисод ва афзоиши ҳиссаи онро дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и ҷумҳурӣ то 25% дар соли 2030 муайян кардааст.
Айни ҳол ҳиссаи саноат дар ММД Тоҷикистон 16,2%-ро ташкил дода, аз рӯи ин нишондиҳанда нисбат ба бахши кишоварзӣ ва соҳаи хидматасонӣ ҳиссааш камтар мебошад.
Дар сохтори умумии маҳсулоти саноатӣ ҳиссаи саноати коркард 60,8%-ро ташкил медиҳад.
Дар давраи то соли 2030 ба рушди корхонаҳои саноати сабук (коркарди пахта, дӯзандагӣ, коркарди пӯсту пашм, истеҳсоли пойафзол) афзалият дода мешавад.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар саноати коркард дар муқоиса бо саноати истихроҷ 2,6 баробар зиёд шуд.