Агентии омори назди президенти Тоҷикистон чанде рӯз пеш натиҷаҳои таҳқиқот дар бораи сарчашмаҳои воситаҳо барои зиндагии аҳолии кишварро чоп кард.

Таҳқиқот 16 категорияи даромади аҳолиро дар бар мегирад. Миёни сарчашмаҳои асосӣ даромади аъзои оила, ки дар дигар давлатҳо зиндагӣ мекунанд, шуғли мустақилона, меҳнати кироя ва истеҳсоли молу маҳсулот барои истифодаи шахсӣ номбар шудааст.

Дар зинаи 5-ум даромад аз хоҷагиҳои шахсии ёрирасон номбар шудааст. Таҳқиқот нишон дод, ки 9%-и аҳолӣ аз ҳисоби даромад аз ин хоҷагиҳо, ки аз заминҳои наздиҳавлигӣ (полиз ё худ огород) ва қитъаи иловагии замин иборатанд, зиндагӣ мекунад.

Таҳқиқот тибқи маълумоти соли 2022, вақте ки теъдоди аҳолӣ 9,6 млн (айни замон - 10,3 млн) нафарро ташкил медод, гузаронида шудааст.

Аммо ин вазъиятро тағйир намедиҳад, зеро давоми ду сол дар таносуби фоизӣ чизе тағйир наёфтааст.

Ба ин тариқ, тибқи маълумоти Агентӣ, зиёда аз 867 ҳазор аҳолӣ хоҷагии шахсии ёрирасонро ба сифати сарчашмаи асосии даромад истифода бурда, байни онҳо ҳиссаи ҷавонони синни аз 20 то 35 сола - беш аз 368 ҳазор зиёд - зиёд аст, ки 42,5%-ро ташкил медиҳад.

Имрӯз аз хоҷагиҳои шахсии ёрирасон тақрибан 11%-и аҳолии деҳот ва 3,4% - аҳолии шаҳрҳои Тоҷикистон даромад мегиранд.

Дар минтақаҳо вазъият тариқи зайл аст:

ВМКБ – 20,72% аҳолӣ (аз ҳама зиёдтар дар Ванҷ – 33,76%)

Хатлон – 12,36% (аз ҳама зиёдтар дар ноҳияи Панҷ – 25,23%)

Суғд – 9,15% (аз ҳама зиёдтар дар ноҳияи Деваштич – 23,35%)

Гурҳи Ноҳияҳои тобеи марказ – 5,7% (аз ҳама зиёдтар дар Нуробод – 13,17%).


Хоҷагиҳои ёрирасон метавонанд мушкилоти амнияти озуқавориро ҳал кунанд

Бино ба маълумоти оморӣ, айни замон 227,3 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ ба сифати қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва иловагӣ дар ихтиёри аҳолӣ қарор дорад, ки ин 19,85%-и ҳамаи заминҳои кишти Тоҷикистон (859,8 ҳазор гектар) мебошад.

Аз ин миқдор дар 170,7 ҳазор гектар аҳолӣ гандум, шолӣ (биринҷ), сабзавоту мева парвариш мекунад. Нисбат ба хоҷагиҳои давлатӣ ва фермерӣ, саҳми онҳо дар таъмини амнияти озуқавории Тоҷикистон бештар пурсамар аст.

Масалан, ҳиссаи моликони хоҷагиҳои шахсии ёрирасон дар парвариши зироати ғалладона ҳудуди 30%, картошка - 43%, сабзавоту полезиҳо - 45%-ро ташкил медиҳад.

Бо истифода аз имконоти хоҷагиҳои шахсии ёрирасон ҳудуди 90%-и маҳсулоти чорводорӣ (бахусус гӯшту шир) аз ҷониби худи аҳолӣ истеҳсол мешавад. Ба ин тариқ, бо дар ихтиёр доштани 5 баробар камтар замин нсбат ба хоҷагиҳои давлатӣ ва хоҷагиҳои деҳқониву фермерӣ, хоҷагиҳои шахсии ёрирасон ба истеҳсоли қариб нисфи маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон қодиранд.

Мувофиқи қонун, кор баҳри пешбурду рушди хоҷагии шахсии ёрирасон ба фаъолияти соҳибкорӣ дохил намешавад.


Тавре ки дида мешавад, имконоти хоҷагиҳои шахсии ёрирасон дар Тоҷикистон хеле зиёд аст. Мутаассифона, бисёре аз оилаҳо ба парвариши маҳсулот дар қитъаҳои наздиҳавлигии худ ҷиддӣ машғул нашуда, дигар сарчашмаҳои даромад ва пеш аз ҳама пулкоркунӣ дар дигар каишварҳоро афзалтар медонанд. Онҳо аз ҷониби мақомоти маҳалли ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои соҳавӣ ва бонкҳо мавриди таваҷҷуҳ ва дастгирӣ қарор намегиранд. Масалан, бонкҳо метавонистанд ба онҳо қарзҳои имтиёзнок диҳанд.

Зеро дар сурати дастгирии хоҷагиҳои шахсии ёрирасон метавон самаранокии онҳо чандин маротиба зиёд кард ва мушкилоти амнияти озуқавории кишварро ҳал намуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.