Бино ба маълумоти портали WiseVoter, дар соли 2023 даромади миёна (медианӣ)-и сокинони Тоҷикистон 5,33 доллар дар як рӯзро ташкил медиҳад. Дар саросари ҷаҳон он ба ҳисоби миёна ба 16,09 доллар баробар аст.
Тоҷикистон аз лиҳози даромади миёна миёни 162 кишвари дунё мақоми 105-умро касб кардааст.
Даромади миёна байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ чунин арзёбӣ шудааст: Қазоқистон - 10,42 доллар, Қирғизистон - 5,43 доллар, Туркманистон - 2,4 доллар ва Ӯзбекистон - 1,23 доллар. Дар Русия ин нишондиҳанда ба 17,41 доллар баробар аст.
Қобили зикр аст, ки нишондиҳандаи Тоҷикистон 2,2 баробар аз Туркманистон ва 4,3 баробар аз Ӯзбекистон зиёдтар аст.
Даромади миёна ё худ медианӣ ҳаҷми даромадеро, ки сокини аз лиҳози омор миёнаи ин ё он кишвар мегирад, нишон медиҳад. Барои муайян кардани нишондиҳандаи мазкур ҳамаи коргаронро ба ду қисми баробар тақсим мекунанд: дар нисфе аз коргарон даромад бояд аз ин маблағ зиёд бошад ва дар нисфи дигар - камтар. Мисол, миёни даромадҳои 10, 8, 6, 4, 2 ҳазор сомонии панҷ шахси шартӣ миёна ё медианӣ 6 ҳазор сомонӣ ба ҳисоб меравад, яъне нишондиҳандае, ки дар мобайн қарор гирифтааст.
Дар саросари ҷаҳон аз лиҳози даромади миёна Люксембург (69,48 доллар) пешсаф аст. Дар идома Новрвегия (65,30), Амороти Муттаҳидаи Араб (65,14), ИМА (65,04) ва Швейтсария қарор гирифтаанд.
Дар зинаҳои охири радабандӣ Конго (1,46 доллар), Ӯзбекистон (1,23) ва Мадагаскар (1,12) ҷой гирифтаанд.
Қобили зикр аст, ки дар омори Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа барои муайян кардани сатҳи зиндагии аҳолӣ маоши миёнаи моҳонаи номиналӣ истифода мешавад.
То 1 апрели соли равон музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон 208 доллар, Ӯзбекистон - 389 доллар, Қирғизистон - 407 доллар ва Қазоқистон - 808 долларро ташкил медод.