Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба президенти тозаинтихоби ИМА Доналд Трамп барқияи табрикотӣ фиристод.
Имрӯз, 7-уми ноябр, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба Доналд Ҷон Трамп дар робита ба пирӯзиаш дар интихоботи Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барқияи табрикӣ ирсол намуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон хабар дод.
"Мо ба ояндаи муносибатҳои дӯстона ва шарикии гуногунҷанбаи судманд бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико диди нек дорем. Рушду тавсеаи пайгиронаи онҳоро дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн аз ҷумлаи самтҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии давлати худ медонем. Ҳамеша омодаем, ки ҷиҳати пешбурди ҳамкории судманд муколамаи самарабахши байнидавлатии кишварҳоямонро дар сатҳҳои мухталиф идома бахшем", - зикр шудааст дар барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон ба Доналд Трамп.
Бояд гуфт, ки Доналд Трамп дар интихоботи президентии ахири ИМА, ки 5-уми ноябр баргузор гардид, бар рақибаш Камола Ҳаррис пирӯзӣ ба даст овард ва президенти 47-уми Амрико интихоб гардид.
Бензин дар Тоҷикистон гаронтарин дар Осиёи Марказӣ аст
Курси онлайни ройгон оид ба “Саводнокии молиявӣ” барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар платформаи Smarthub.tj дастрас шуд
Барои гузоштани риши бенизом, мунозираҳои сиёсӣ... Чаро даҳҳо афғонистониро аз Тоҷикистон ихроҷ карданд?
Дар Твер кор барои муҳоҷирон дар 46 соҳа манъ шуд. Боз дар кадом минтақаи Русия чунин маҳдудият ҷорӣ шуд?
"Аз ҳама бештар аз кори додрасҳо шикоят мегирем". Интиқоди тунди Эмомалӣ Раҳмон аз кори додрасҳои тоҷик
Рӯзҳои истироҳатӣ дар Душанбе барфи аввал меборад
Оғози ҷамъоварии маълумоти биометрӣ. Аз 1 декабр дар Русия барои муҳоҷирон чӣ тағйир ёфт?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Дузд ва аммомаи бузург (қисми 2)”
СУБҲ БА ХАЙР, ТОҶИКИСТОН! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо ва вазъи обуҳаво барои 6 декабри соли 2024
6,6 млрд сомонӣ зиёдтар нисбат ба имсол. Парлумони Тоҷикистон буҷети соли 2025-ро қабул кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста