Дар Тоҷикистон то 14 октябр 92 ҳазору 538 тонна ангур ҷамъоварӣ шудааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд.
Зикр шуд, ки аз майдони умумии 206 ҳазору 535 гектар барои боғу токзор имсол барои токзор 39 ҳазору 922 гектар замин ҷудо шуд. То 1 августи соли ҷорӣ 25,8 гектар токзорҳои нав бунёд ва 32,5 гектар токзорҳо барқарор карда шуданд.
Тавре ки қаблан зикр гардида буд, то 1 сентябр боғдорони ҷумҳурӣ зиёда аз 31 ҳазор тонна ҳосили ангур ҷамъоварӣ намудаанд, ки 11 баробар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.
Ёдрас мекунем, ки сардиҳои зимитсони соли 2022 ба қисмати зиёди токзорҳо дар Тоҷикистон осеби зиёд расониданд. Аммо кишоварзони соҳибтаҷриба тавонистанд дар муддати кӯтоҳ онҳоро барқарор намоянд ва ҳаҷми истеҳсоли ангурро зиёд кунанд.
Рӯзи 30 сентябр таҳти раёсати президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси ҳукумат доир гардида, дар он “Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029” тасдиқ шуд.
Мақсад ва вазифаҳои асосии Барнома идома додани рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ, дастрасии корхонаҳои коркард ба ашёи хом, афзоиши иқтидори содиротӣ, коҳиш додани вобастагии бозори истеъмолӣ аз маҳсулоти воридотӣ, таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, вусъати “иқтисоди сабз”, ҳалли мушкилоти экологӣ, кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ ба атмосфера ва пешгирӣ аз гармшавии иқлим мебошад.
Президенти кишвар ба вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои иҷрои саривақтӣ ва пурсамари барнома дастуру супоришҳои мушаххас дод.