Михаил Матвеев, вакили Думаи давлатии Русия аз Ҳизби коммунист муҳоҷирони кориро ба беқурбшавии рубли Русия гунаҳкор кард.
“Яке аз сабабҳои болоравии қурби доллар муҳоҷирон мебошанд”, - навишт дар Телеграмм-канал Матвеев.
Ӯ бар ин назар аст, ки миллионҳо муҳоҷир пулҳои коркардаашонро аз иқтисоди Русия бароварда, ба ватан мефиристанд.
Бино ба маълумоти ӯ, соли 2023 ҳаҷми интиқоли маблағ аз Русия ба Тоҷикистон ба 5,7 млрд доллар расид, ки тақрибан ба нисфи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар баробар аст.
Маблағе, ки аз Русия ба Қирғизистон фиристода шудааст, тақрибан аз се як ҳиссаи ММД ва пули интиқолшуда ба Ӯзбекистон - 12-15% (зиёда аз 14,5 млрд доллар)-и ММД-и ин кишвраҳоро ташкил медиҳад.
Ба иддаъои ӯ, ба ибораи дигар, муҳоҷирон ва диаспораҳои онҳо дар бонкҳои Русия даҳҳо миллиард доллар харида, ба таври сунъӣ ба талабот ба асъор ва болоравии қурб мусоидат мекунанд.
Ҳамааш тамоман баръакс аст
Коршиносони тоҷик изҳороти Матвеевро беасос унвон карда, гуфтанд, ӯ дар бораи интиқоли пули муҳоҷирон маълумоти кофӣ надорад.
"Пеш аз чунин изҳороти беасос, вакилро лозим буд, ки аз мақомоти дахлдори Русия, маҳз аз Бонки марказии Русия ё Росстат (Идораи омор) омори расмии интиқолҳои фаромарзиро дархост намояд. Фикр мекунам, ки онҳо инро рад намекарданд, зеро мақоми қонунгузорӣ яке аз се шохаи ҳокимият аст, ки ниҳодҳои иҷроия вазифадоранд бо онҳо чунин маълумотро пешниҳод кунанд", - гуфт ба «Азия-Плюс» мутахассиси соҳаи молия Алишер Содиқов.
Вай шарҳ дод, ки беш аз 90% интиқоли маблағҳо аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон, тибқи маълумоти расмии оморӣ, бо рубл сурат мегирад.
«Ин баръакс, ба мустаҳкам шудани қурби рубл кумак мекунад», - таъкид дошт ӯ.
Ба гуфти Содиқов, камшавии истифодаи ин ё он асъор дар гардиши пулии кишвари мушаххас, ба устувор шудани қурби он дар бозори асъори кишвар боис мегардад ва баръакс.
«Яъне, ки ҳар як мол дар бозор ҳар қадар кам бошад, гаронтар мешавад ва агар миқдори мол зиёд шавад, арзон мешавад», - иброз дошт коршинос.
Ӯ зикр кард, ки барои муҳоҷирони меҳнатии кишварҳое, ки вакил аз онҳо ном бурд, ҳеҷ зарурате надоранд, ки рублҳоро ба асъори дигар иваз кунанд, инчунин барои мубодилаи пул ҳам як маблағи муайяне пардохт кунанд.
«Рубл ҳам дар Тоҷикистон, ҳам дар Ӯзбакистон ва ҳам дар Қирғизистон ба мисли дигар асъор арзишманду дар гардишанд, зеро Русия шарики асосии тиҷоратӣ ва иқтисодӣ ин се кишвар маҳсуб меёбад. Илова бар ин, тайи чанд соли охир дар шароити муқовимати низомии Русия ва Украина ва таҳримҳои дастҷамъии кишварҳои Ғарб бар зидди Маскав, гардиши дуҷонибаи молии Русия бо кишварҳои минтақаи мо марҳила ба марҳила аз доллар ба рубл мегузарад», - хулоса кард Алишер Содиқов.
Ба гуфтаҳои боло метавон илова кард, ки бо дастури Бонки миллии ҷумҳурӣ аз соли 2016 пулҳои интиқолёфта ба соҳибони он танҳо бо асъори миллӣ бо қурби замони пешниҳод дода мешаванд.
Рубл воридшуда ба бонкҳои Тоҷикистон асосан ба ширкатҳои воридкунандаи маҳаллӣ барои интиқоли маҳсулоти Русия дода мешаванд. Яъне рублҳои воридшуда ба Русия баргашта, ба фурӯши маҳсулоти он кумак мерасонанд.
Дар шароити дар ҷудоӣ (изолятсия) гузоштани тиҷорату иқтисоди Русия аз ҷониби Ғарб, ин барои содиркунандагони Русия ва мутаносибан, иқтисоди Русия аҳаммияти муҳим дорад.
Ёдрас мекунем, ки қаблан муовини вазири корҳои хориҷии Русия Михаил Галузин изҳор дошта буд, ки “Русия шарики боэътимодтарин ва калидии тиҷоративу иқтисодии Осиёи Марказӣ мебошад” ва изҳороти худро дар навбати аввал, ба “рушди пайвастаи гардиши молу маҳсулот” асоснок кард.
Ӯ зикр карда буд, ки ин ба таври назаррас аз ҳисоби гузаштани ҳисоббаробариҳо бо пули миллӣ таъмин мешавад.
“Айни замон ҳаҷми чунин ҳисоббаробариҳо бо Қазоқиситону Қирғизистон ва Тоҷикистон ба 80% расида, бо Ӯзбекистон - 55% ва Туркманистон - 24%-ро ташкил медиҳад”, - таъкид дошта буд муовини вазир.
Дар ҳамин ҳол, сабабҳои беқурбшавии рублро коршиносони бахши молияи Русия ба таҳримҳо нисбати ширкату бонкҳо, ғалабаи Доналд Трамп дар интихоботи президентии ИМА, аз ҷониби Бонки марказии Русия боло бурдани меъёри бозтамвил, коҳиши содироту афзоиши воридот, камшавии фурӯши асъор дар бозори дохилӣ ва афзоиши талаботи сармоягузорони хориҷӣ ба асъор рабт медиҳанд.