Кормандони милитсия 4 нафар ноболиғони 16-17-сола, хонандагони синфи 11-уми яке аз муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахтро ба гумони авбошӣ ва вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дастгир намуданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон онҳо дар дохили мактаби миёна аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, ҳамдигарро лату кӯб мекунанд ва яке аз онҳо бо корди дасташ 2 маротиба ба пойи хонандаи дигар задааст.
Гуфта мешавад, дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст ва аз рӯи ҳодисаи мазкур корҳои тафтишотӣ идома доранд.
Ҳодисаҳои ба ин монанд тайи соли охир бори аввал нестанд. Аввали моҳи июн кормандони милиса 7 нафар хонандагони яке аз мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанберо барои ташкили занозании оммавӣ боздошт намуданд. Гумонбаршудагон тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, якдигарро лату кӯб намудаанд, ки дар натиҷа чор нафари онҳо ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.
Охири моҳи май низ ду нафар донишҷӯён - сокини 21-солаи шаҳри Ваҳдат ва сокини 19-солаи шаҳри Душанбе ба гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир шуда буданд. Онҳо дар назди яке аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Рӯдакӣ бо 4 нафар хонандагони синфҳои 10 ва 11-уми мактаби мазкур аз ҳиссиёти авбошӣ ҷангу ҷанҷол карда, хонандагонро зери лату кӯб қарор дода буданд.
Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев чандин маротиба аз ин ҳодисаҳо нигаронӣ изҳор намуда, дар яке аз машваратҳои моҳи июн зикр кард, ки муноқишаҳои оммавӣ дар мактаб натиҷаи муносибати хунукназаронаи нозирони минтақавии милитсия ва кормандони соҳаи маорифи пойтахт ба вазифаҳои худ аст.
Маҳмадсаид Убайдуллоев қайд карда буд, ки дар сурати такрор шудани чунин ҳодисаҳо, нисбати шахсони масъул ва волидони хонандагон мутобиқи қонунгузории кишвар чораҳои қатъӣ андешида мешаванд.



