Се корманди ширкати хизматрасонии роҳи Innovative Road Solutions (IRS) зери тарма ба ҳалокат расиданд. Ин ҳодисаи фоҷеабор шоми рӯзи шанбе, 18 феврал дар километри 72-юми шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд рух додааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз ширкати мазур хабар доданд, фавтидагон Некрӯз Зубуров, Ҷаъфар Ёралиев ва Фахриддин Ашӯров вақти тармафароӣ ба иҷрои корҳои тозакунии роҳ машғул буда, ба сурати умум 7 нафар кормандони ширкат зери тарма мондаанд.

«Бидуни кумаки наҷотдиҳандагон  4 нафар кормандони ширкат аз зери тарма берун оварда шуданд, - гуфт сухангӯи ширкат Далери Абдулло. - Бо ҷароҳатҳои гуногун онҳо айни замон дар бемористон бистарианд».

Ба гуфтаи ӯ, ҷасадҳои ҳалокшудагон рӯзи якшанбе аз зери тарма берун гирифта шуда, имрӯз ба хок супурда мешаванд.