Прокуратураи генералии Арабистони Саудӣ ба тафтиши ҳодисаи марги соҳибкори тоҷик дар шаҳри Мадина шурӯъ кард.

Прокуратура аз пайвандони Бахтиёр Додохонови ҳалокшуда барои бозкушоии ҷасадҳои фавтидагон - худи соҳибкор, ҳамсараш ва ду фарзандаш ҷиҳати ташхис розигӣ дархост намудааст.

Бо истинод ба хешовандони Манзур Додохонов, падари соҳибкори фавтида ва собиқ роҳбари маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод», Радиои Озодӣ хабар медиҳад, ки шоми 7 март тариқи телефон аз Прокуратураи генералии Арабистони Саудӣ чунин дархост расидааст, то ки сабабҳои марги аҳли як хонаводаро муайян кунанд.

Ба гуфтаи хешону наздикони оилаи Додохонов, аҳли оила дар мавриди чӣ гуна посух додан ба ин дархост маслиҳату машварат доранд.

Онҳо зикр кардаанд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ду фарзияи ҳодисаро - заҳролуд кардан ва буғӣ карданро мавриди таҳқиқ қарор додаанд.

Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ дар як тамоси катбӣ бо Радиои Озодӣ аз шаҳри Риёз гуфтааст, марги хонаводаи соҳибкори тоҷик Додохонов мавриди таҳқиқи сохторҳои дахлдори Арабистони Саудӣ қарор дорад ва баъди анҷоми ташхиси тиббӣ сабаби марги онҳо маълум хоҳад шуд

Ёдрас мекунем, ки чанде пеш ҷасадҳои соҳибкори ҷавони тоҷик Бахтиёр Додохонов ва ҳамсару ду фарзанди худсолаш дар яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ дарёфт шуданд. Оилаи Бахтиёр барои адои маросими ҳаҷи умра ба шаҳри Мадина рафта буданд.