Танҳо он шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба Кореяи Ҷанубӣ метавонанд раванд, ки аз 18 то 39 сола ҳастанд ва “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа”, ягона ниҳодест, ки ҳақ дорад, муҳоҷиронро ба Корея фиристад. “Азия-Плюс” ба қарори ҳукумат дар бораи Ёддошти тафоҳум байни Тоҷикистон ва Корея оид ба фиристодани муҳоҷирони корӣ даст ёфт, ки ҷузъиёти ин равандро ошкор мекунад.
Рӯзи 30-юми октябр миёни Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ Ёддошти тафоҳум оид ба фиристодани шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба Корея ба имзо расид, ки ба шаҳрвандони мо имкон медиҳад, ба ин кишвар барои кор (муҳоҷират) раванд. Пас аз тасдиқи созишнома аз ҷониби ҳукуматҳои ин ду кишвар, дар назар аст, ки гурӯҳи аввали муҳоҷирони меҳнатӣ соли 2025 ба Корея сафар кунанд.
Чӣ гуна коргарро интихоб мекунанд?
Дар асоси ин санад, ки Махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр кардааст, ба ғайр аз “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дигар ҳеҷ ниҳоде ҳақ надорад, муҳоҷирони тоҷикро ба Корея барои кор фиристад.
Ин ниҳод аризаи хоҳишмандонро қабул мекунад ва рӯйхату маълумот дар бораи корҷӯёнро тартиб дода, ба ниҳоди қабулкунанда (Хадамоти рушди захираҳои инсонии Вазорати шуғл ва меҳнати Корея-аз идора) ирсол мекунад.
Ин Агентӣ ҳуҷҷати нафарони зеринро ба ҷониби Корея пешниҳод мекунад:
- коргароне, ки аз имтиҳони системаи “ЕРS –ТОРIK” гузаштаанд;
- муҳлати эътибори шиносномаҳояшон як сол аст;
- аз муоинаи тиббӣ гузаштаанд.
Чунин ҳуҷҷатҳои корҷӯён пешниҳод мешавад:
- маълумоти шахсии корҷӯй (аз ҷумла ном, миллат, санаи таваллуд, рақами мушаххас ва ҳолати ҷисмонӣ);
- нусхаи шиносномаи корҷӯй;
- шароити дилхоҳи шуғл (аз ҷумла музди меҳнат ва намуди фаъолият);
- маълумоти шахсӣ ва касбӣ (аз ҷумла маълумот оид ба таҳсилот, таҷрибаи корӣ ва шаҳодатномаҳо);
- маълумот оид ба системаи холҳои аз ҷониби корҷӯй гирифташуда (аз ҷумла санаи санҷиш ва холҳо).
“Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа” уҳдадор шудааст, ки коргаронро пеш аз сафар ба Корея омода кунад. Аз ҷумла, коргарон дар марказҳои муайян забони кореягиро меомӯзанд, аз муоинаи тиббӣ мегузаранд.
Муҳоҷирони тоҷикро дар Корея Хадамоти рушди захираҳои инсонии Вазорати шуғл ва меҳнати ин кишвар қабул ва дар асоси рӯйхати ҷониби Тоҷикистон феҳрист тартиб медиҳад.
Дар санад гуфта мешавад, ки дохил кардани корҷӯён ба рӯйхат ҳоло кафолати кор карданро дар Корея намедиҳад. Инро танҳо ҷониби Корея интихоб мекунад ва барои коргар шартнома мефиристад.
Феҳристи корҷӯён барои як сол эътибор дорад ва бо гузаштани ин муҳлат корҷӯй метавонад барои ворид шудан ба ин рӯйхат дубора талош кунад.
Пули чиптаро кӣ медиҳад?
Дар асоси моддаи 4 ин ҳуҷҷат, хароҷоти сафар ба Корея аз сӯи худи коргар пардохт мегардад. Арзиши сафар дертар маълум мешавад.
Онҳое, ки омӯзиши пеш аз сафарро нагузаштаанд ва ё аз муассисаи бе доштани иҷозат таҳсилоти пеш аз сафарро гирифтаанд, аз Корея хориҷ карда мешаванд.
Дар чунин ҳолат, хароҷоти бозгашт ба дӯши худи коргар аст.
“Аммо ҷониби Тоҷикистон (ниҳоди фиристонанда) барои пӯшонидани хароҷот, агар коргар имкони онро надошта бошад, мусоидат хоҳад кард”, - омадааст дар санад.
Қаблан, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гуфта буд, ки барои омӯзиши забони кореягӣ ва маҳорати касбӣ дар марказҳои худ дар шаҳру навоҳии кишвар шароит фароҳам овардааст ва хоҳишмандон метавонанд ба ин марказҳо муроҷиат кунанд. Дар бораи суроға ва телефони марказҳои омӯзиши забони кореягӣ дар ин мавод шинос шавед.
Имтиҳон тавассути “ЕРS –ТОРIK”
Коргарон тавассути имтиҳон дар системаи “ЕРS –ТОРIK” интихоб карда мешаванд. Ниҳоди қабулкунанда дар якҷоягӣ бо Тоҷикистон меъёри холи заруриро таҳия мекунад.
Вазорати меҳнату муҳоҷират уҳдадор шудааст, ки барои татбиқи система ва гирифтани имтиҳон дар Тоҷикистон шароит фароҳам кунад.
Ин нафарон метавонанд барои кор ба Корея раванд:
- нафарони аз 18 то 39-сола;
- шахсоне, ки ба ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин маҳкум нашуда бошанд;
- шахсоне, ки аз Корея ронда нашуда бошанд;
- шахсоне, ки баромаданашон аз Тоҷикистон манъ нест.
Натиҷаи холҳои ЕРS-ТОРIK, санҷиши маҳорат ва арзёбии салоҳияти довталабон 2 сол эътибор дорад ва ба корфармоён ҳамчун маълумоти иловагӣ дар бораи корҷӯён пешниҳод карда мешавад.
Раводидро чӣ гуна мегиред?
Раводиди сафар ба Корея танҳо баъди гирифтани “Шаҳодатномаи тасдиқи додани раводид” аз ҷониби ниҳоди қабулкунанда дода мешавад. Онро аз Сафорати Корея дар Тоҷикистон мегиранд. Агар давоми 3 моҳ барои гирифтани раводид муроҷиат нашуд, дархости аз сӯи корфармо қатъ мешавад.
Агар теъдоди дархостшуда баъди гирифтани раводид ба Корея барои кор нараванд, ин кишвар ҳиссаи ҷудошудаи корҷӯёнро коҳиш медиҳад ва ё раванди фиристодани қувваи кориро муваққатан бозмедорад.
Барои гирифтани раводид танҳо ниҳоди фиристонанда (Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа-аз идора) кумак мекунад ва “ҳеҷ як мақомоти дигар наметавонад ба ин раванд дахолат кунад”.
Муоинаи тиббӣ ҳатмӣ аст
Яке аз шартҳои дигари вуруд ба Корея ин гузаштан аз муоинаи тиббӣ дар Тоҷикистон ва дар Корея аст. Ҳоло маълум нест, ки маҳз кадом бемориҳо сабаби ба Коерия ворид шудан мегардад.
Вале коргароне, ки аз муоинаи тиббӣ нагузаштаанд, ба Тоҷикистон баргардонида мешаванд.
“Агар коргар бо сабабҳои аз муоинаи ҳатмии тиббӣ нагузаштан, мушкилоти саломатӣ ҳангоми гузаштан аз таълими пас аз омадан ё мутобиқ нашудан ба ҷои кор ба Тоҷикистон баргардад, ӯ хароҷоти дахлдор, аз ҷумла хариди билетро ба Тоҷикистон ба дӯши худ мегирад”, - омадааст дар санад.
3 сол кор дар Корея
Онҳое, ки барои кор қабул мешаванд, ҳақ дорнад 3 сол дар Корея кор кунанд ва дар ҳолати зарурӣ ин муҳлатро 1 солу 10 моҳ тамдид кунанд.
Дар санад гуфта шудааст, ки “коргароне, ки ҳангоми корашон бе тағйир додани ҷои корашон ба кори худ содиқ буданд” пас аз 1 моҳи тарки Корея метавонанд дубора ба ин кишвар ворид шаванд ва ин бор шартҳои қаблӣ.
Барои чӣ ихроҷ мекунанд?
Вале агар коргар ба фаъолияти ғайриқонунӣ машғул шавад ё ҳуҷҷатҳои қалбакӣ пешниҳод кунад, Корея онҳоро ихроҷ мекунад, шумораи квотаҳои ҷудошударо кам мекунад, раванди фиристонандаи қувваи кориро муваққатан бозмедорад ва ё Ёддошти тафоҳумро қатъ мекунад.
Ҷониби Корея рӯйхати ихтисосу касбҳое, ки онҳо ниёз доранд ва шумораи “квота”-ҳои ҷудошударо ҳар сол маълум ва Тоҷикистонро огоҳ мекунад.
Таъсиси Маркази шикоятӣ барои пешгирии фасод
Тоҷикистон ва Корея ба тавофуқ расидаанд, ки барои пешгирӣ аз мавридҳои фасодкорӣ дар интихоби коргарон метавонанд як маркази шикоятӣ таъсис диҳанд, ки “дар он дар бораи рафтори нодуруст хабар дода мешавад”.
“Тарафҳо барои ба таври комил идора кардани шуғл ва будубоши муваққатии коргарони тоҷик, аз ҷумла ҷиҳати пешгирии фаъолияти коргарон бидуни иҷозат, ҳавасманд намудани рафтани ихтиёрии онҳо аз Корея баъди ба охир расидани муҳлати иҷозати кор ва кам кардани шумораи коргарони ғайриқонунӣ дар Корея талош хоҳанд кард”, - омадааст дар санад.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки “дар сурати ошкор шудани фасодкорӣ ё қонуншиканӣ дар раванди фиристодан ё ба маротиб зиёд будани фоизи бе иҷозат дар ҷойи кор набудани коргарони тоҷик ва ё будубоши ғайриқонунӣ” Корея метавонад шумораи коргаронро аз Тоҷикистон кам ё қабули онҳоро пурра манъ кунад.
Ёддошт барои ду сол
Ҳамчунин, дар назар аст, ки дар Тоҷикистон Маркази ЕРS Корея таъсис дода мешавад ва барои кормандони он бархе имтиёзҳо медиҳанд. Аз ҷумла, ба роҳбари он шаҳодатномаи дипломатӣ ва гузарномаи махсус дода мешавад.
Ёддошти тафоҳум миёни вазоратҳои меҳнати Тоҷикистон ва Корея ба муҳлати 2 сол имзо шудааст ва баъди он шояд тамдид шавад.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бовар дорад, ки бо мавриди амал қарор гирифтани ин Ёддошт байни Тоҷикистону Корея шиддати бекорӣ дар кишвар паст карда шуда, бозори нави меҳнат пайдо мешавад.
Ҳоло Русия ягона самти муҳоҷират барои шаҳрвандони Тоҷикистон дониста мешавад. Вале муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар пайваста зери фишор ва таъқиби мақомоти Русия қарор мегиранд ва солона ҳазорҳо муҳоҷир бидуни шарҳ аз ин кишвар ихроҷ карда мешаванд.
Чанд соли охир мақомоти Тоҷикистон кӯшиш доранд, самтҳои дигари муҳоҷиратро барои шаҳрвандон боз кунанд.
Бори аввал соли 2022 дар асоси шартномаи ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва минтақаи Хампиёнги музофоти Ҷола-Намдои Корея 58 шаҳрванди ҷумҳурӣ дар гармхонаҳои Корея ба корҳои мавсимӣ сафарбар карда шуда буданд.
Freedom Finance Global: Дар Тоҷикистон эътимоди истеъмолкунандагон паст мешавад
Омӯзгор огоҳ карда шуд. Вазорати маориф навори сарзаниши хонандагон аз ҷониби омӯзгорро шарҳ дод
“Рақаму рамзи кортро надиҳед”. Ҳушдори Амонатбонк ба муштариён аз фаъолшавии қаллобон
Таҳқиқот: Дар Тоҷикистон рушди логистика начандон қаноатбахш аст
РМА-и электронӣ чист ва чӣ тавр метавон онро ба даст овард?
Дар Украина “Осори мунтахаб”-и Садриддин Айнӣ бо забони украинӣ нашр шуд
То соли 2050 Осиёи Марказӣ метавонад сеяки пиряхҳои худро аз даст диҳад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Даббоғ ва бӯйи атр”
Тоҷиддин Мардонӣ, шарқшиноси тоҷик ва сафири пешини Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва Туркманистон аз олам даргузашт
Иқтисодчиён мушкили асосии татбиқи Стратегияи миллии рушдро номбар карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста