Дар Facebook навори видеое нашр шуд, ки дар он ду ҷавонро боздошта, мехоҳанд, ки онҳоро ба мошин савор кунанд. Муаллиф ва шоҳидони ҳодиса мегӯянд, ин ба қавле “облава”, яъне аз ҷониби кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ маҷбурӣ боздоштану ба хизмати ҳарбӣ равон кардани ҷавонон мебошад.

Ҳодиса нимаи дуюми рӯзи 23 апрел назди маркази савдои “Пойтахт” ба вуқӯъ пайвастааст.

“Пас аз хӯроки нисфирӯзӣ мо ба кӯча баромада, шоҳиди он гаштем, ки чӣ гуна ду ҷавонро маҷбурӣ ба мошин шинониданианд, - гуфт ба “Азия-Плюс” яке аз шоҳидони воқеа. – Ҷавонон муқобилат нишон медоданд. Маълум буд, ки ин “облава” аст. Вақте одамон дар телефонҳояшон ба наворбардорӣ шурӯъ намуданд, онҳо рақамҳои мошинашонро барканданд”.

Бино ба гуфтаи шоҳидон, ба яке аз ҷавонон муяссар шудааст, ки худро аз дасти онҳо халос карда, рӯ ба гурез ниҳад. Ҷавони дигарро бо мошин бурдаанд. Рақами автомашинаи Opel Astra, ки гӯё бо он ҷавонро маҷбурӣ савор карда бурдаанд, низ дар шабака гузошта шудааст - 3338BE07.

Маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ аз 1 апрел то 31 май идома меёбад. Роҳбари комиссияи ҷумҳуриявиии маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ, муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим дар оғози маъракаи даъват ба мақомоти дахлдори давлатӣ дастур дода буд, ки ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷавонони босаводу солим даъват карда шаванд.

То имрӯз нақшаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон то имрӯз 60% иҷро шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, ин нишондиҳанда дар вилояти Хатлон - 54%, вилояти Суғд – 55%, ВМКБ – 106%, ноҳияҳои тобеи марказ – 56% ва шаҳри Душанбе – 65%-ро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.