Вазорати вазъиятҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон хабар дод, ки рӯзи 19 август, соати 15:37, дар километри 368-уми шоҳроҳи "А-380”, дар ҳудуди ноҳияи Ҷондори вилояти Бухоро як микроавтобуси тамғаи Mercedes-Benz Sprinter” бо 17 шаҳрванди Тоҷикистон дучори садама шудааст.

Сомонаи расонаи мустақили “Ахбор” бо истинод ба ин манбаъ хабар медиҳад, ки микроавтобусе, ки ба шаҳрванди Тоҷикистон А.Афғонов тааллуқ дошт, аз Маскав ба Душанбе сафар мекард, вале дар ҳудуди ноҳияи Ҷондор ба сабаби кафидани чархи қафояш мошин чаппа шудааст.

Гуфта мешавад, ба 8 мусофири микроавтобус кумаки тиббӣ лозим нашуд, вале 9 нафарро ба бемористони шаҳри Газлии ноҳияи Ромитан интиқол додаанд. Дар инҷо 3 нафарро бистарӣ карда ва ба 6 тани дигар кумаки тиббӣ расондаанд.


Ҳамчунин зикр мешавад, ки мусофирони боқимондаро дар шаҳри Газлӣ дар як меҳмонхона ҷой кардаанд. Маълум шудааст, ки дар ин микроавтобус муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия ба Ватан бармегаштанд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон, микроавтобуси тамғаи «Mercedes-Benz Sprinter», рақами давлатиаш TJ 77 85 PB 01-ро шаҳрванди 40-солаи Тоҷикистон Баҳромиддин Ҳотамов ронандагӣ мекард. Ронанда низ дар ин садама ҷароҳат бардоштааст.