Владимир Путин, раисҷумҳури Русия қонунеро, ки бар асоси он фарзандони муҳоҷирон бе донистани забони русӣ ба мактабҳои ин кишвар қабул намешаванд, имзо кард. Он 1-уми апрели соли 2025 ба иҷро медарояд.
Дар ин бора расонаҳои русӣ хабар дода, навиштаанд, ки санад рӯзи 28-уми декабр ба имзо расида, дар махзани иттилооти ҳуқуқии Русия гузошта шудааст.
Ҳамчунин, бар асоси ин қонун, ҳангоми қабул ба мактаб, санҷиши қонунӣ будани ҳузури кӯдак дар қаламрави Русия низ ҳатмӣ хоҳад шуд.
Имтиҳони забони русӣ барои пазируфтани кӯдакони муҳоҷирон ба мактабҳои Русия дар муассисаҳои давлатӣ ё шаҳрдорӣ ройгон гузаронида мешавад. Дар қонун гуфта мешавад, ки агар онҳо аз имтиҳон нагузаранд, ба мактаб пазируфта намешаванд.
Думаи давлатии Русия онуни мазкурро даҳаи аввали моҳи декабр қабул кард ва ба ҷонибдории он 409 вакил овоз дода, танҳо як нафар муқобил баромада буд.
Дар ҳамин ҳол чанд пеш як санҷиши Вазорати маорифи Русия нишон дода буд, ки зиёда аз 58% кӯдакони муҳоҷирон забони русиро хуб медонанд.
Бояд гуфт, пас аз ҳодисаи "Крокус" дар Маскав фишору таъқиб ва боздошту ихроҷи муҳоҷирон дар Русия афзуд. Ҳамчунин, баъди ин ҳодиса мақомоти Русия ба маҳдуд кардани ҳуқуқи муҳоҷирон дар ин кишвар оғоз карданд.
Танҳо дар моҳи октябр ба навиштаи расонаҳои русӣ панҷ лоиҳаи қонун ба Думаи давлатӣ ворид шудааст, ки будубоши муҳоҷиронро дар ин кишвар мушкил мекунад.
Вакилони Дума ислоҳотеро роҳандозӣ карданд, ки дарёфти иҷозаи иқомати доими Русияро тариқи издивоҷ бо шаҳрвандони ин кишвар маҳдуд мекунад. Ҳамчунин, дар ин кишвар низоми нави махсуси ихроҷи муҳоҷирон ҷорӣ шуд.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 январи соли 2025
Аз “рӯйхати сиёҳ”-и муҳоҷирон то кушторҳои пурасрор дар Конибодом. 15 маводи серхонандаи бахши тоҷикии “Азия-Плюс” дар соли 2024
Соли нави 2025 муборак, ҳамдиёрони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 январи соли 2025
Муҳимтарин рӯйдодҳои соли 2024 барои Тоҷикистон тибқи фарзияи “Азия-Плюс”
“Забони бародарро “тоҷикӣ”, забони хоҳарро “дарӣ” гуфтанд”. Профессор Сафар Абдуллоҳ 70-сола шуд
Маҳдудияти интиқоли барқ, интернети камсуръат, муҳоҷират, фасод... Мушкили умдаи Тоҷикистон, ки дар соли 2024 ҳам ҳалли худро наёфт
Чӣ тавр муҳоҷиронро дар Русия ба ҷанг ҷалб мекунанд?
БАОР хавфҳои калидиро барои иқтисоди Тоҷикистон дар се соли наздик номбар кард
“Занонро аз тиреза набинанд”. Маҳдудияти навбатии “Толибон” нисбат ба занон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста