Бо такя ба маълумоти ироакардаи “Yandex.Metrica”, мо 15 маводи пурхонандаи бахши тоҷикии сомонаи “Азия-Плюс”-ро дар соли 2024, ки аз 7 то беш аз 70 ҳазор хонанда доштанд, интихоб кардем.
Дар умум, агар ба таври хеле мухтасар зикр кунем, муҳоҷират, масоили иҷтимоӣ, муҳимтарин ҳаводиси пурсарусадои кишвар ва ҷаҳон, баҳси марзӣ ва тағйирёбии иқлим аз серхонандатарин мавзӯъ дар ин сол буд.
1. Номи беш аз 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар рӯйхати қонуншиканҳои Русия
Дар садри рӯйхат хабари ворид шудани номи беш аз 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар рӯйхати қонуншиканҳои Русия қарор гирифт, ки онро танҳо дар сомона беш аз 72,3 ҳазор маротиба хондаанд.
Соли равон дар шаҳри Душанбе таваққуфгоҳи нави худкори музднок роҳандозӣ шуд. Тарзи кор ва роҳи осони пардохти маблағ барои истифодаи онҳо аз дигар мақолаи серхонандаи бахши мо буд, ки онро беш аз 23,1 ҳазор маротиба хонданд.
Соли 2024 барои муҳоҷирон соли мушкил буд. Имсол фишор болои онҳо якбора афзуд ва мақомоти Русия ҳазорҳо нафарро бо далелҳои кӯчак ва дар баъзе ҳолат, бидуни он боздошту ихроҷ карданд. Яке аз маводҳои серхонанда боздошти садҳо муҳоҷир дар Санк Петербург буд, ки танҳо дар сомона қариб 12 ҳазор маротиба хонданд.
4. Сафияхон Раҳматова, духтараки дар шаҳри Хуҷанд гумшударо 7 ғаввос дар дарёи Сир мекобанд
Соли гузашта дар шаҳри Хуҷанд як духтари 10-сола дар дарёи Сир ғарқ шуд, ки кофтукови ӯ ҳафтаҳо тул кашид. Бахши тоҷикии “Азия-Плюс” ҳам ин ҳаводисро пайгирӣ кард ва яке аз хабарҳои мо дар робита ба кофтукови ин духтаракро беш аз 11,3 ҳазор маротиба хонданд.
5. Дар радабандии кишварҳои камбизоат Тоҷикистон дар ҷойи чандум аст?
Хабари дар зинаи 43-ум қарор гирифтани Тоҷикистон дар радабандии кишварҳои камбизоати ҷаҳон аз дигар маводҳои серхонандаи бахши тоҷикӣ буд, ки онро 10,5 ҳазор бор хонданд.
Мақола дар бораи он ки чандин мансабдор бо фармони президенти Тоҷикистон ва “бо сабаби гузаштан ба кори дигар” озод гардида, баъдан бо гузашти моҳҳову ҳатто солҳо ба вазифа таъин нашуданд, яке аз серхонандатаринҳо буд ва онро танҳо дар сомона қариб 10 ҳазор бор хонданд.
7. Муҳоҷирати меҳнатии занон: мушкилот ва роҳҳои ҳал
Гузориш дар робита ба мушкилоти муҳоҷирати меҳнатии занон ва роҳҳои ҳалли он низ яке аз пурхонандатарин маводҳо дар соли 2024 буд, ки онро қариб 10 ҳазор маротиба хонданд.
Масъалаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳам яке аз мавзуҳои таваҷҷуҳбарангез дар соли 2024 буд. Танҳо як маводи бахши тоҷикии “Азия-Плюс” дар робита ба он ки низои марзӣ набояд ба таҳсили хонандагон дар ду кишвар таъсир расонад, 9,7 ҳазор маротиба хонданд.
9. Шахсони ниқобпӯш ва бо либосҳои сиёҳ. Сокинони Конибодом дар ҳаросу мақомот хомӯш
Кушторҳои пурасрори чанд узви оила дар шаҳри Конибодом яке аз ҳодисаҳои такондиҳанда ва пурасрор дар соли равон буд. Ин буд, ки аксари хабару гузориш ва маводҳое, ки дар робита ба ин ҳодиса нашр мешуд, пурхонанда буданд. Аз ҷумла, яке аз хабарҳо дар робита ба гаштугузори шахсони ниқобпӯш ва бо либосҳои сиёҳ дар шаҳр, ки сокинонро дар тарсу ҳарос нигоҳ медошт, 9,2 ҳазор бор хонда шуд.
10. Як қадам то имзои “созишномаи таърихӣ” миёни Тоҷикистону Қирғизистон. Ин роҳ чӣ гуна тай шуд?
Раванди ба тавофуқ расидани Тоҷикистону Қирғизистон дар робита ба ниҳоӣ кардани баҳси марзӣ, ки ҳанӯз аз соли 2002 оғоз гардида, то ҳол идома дорад, яке аз маводҳои дигари пурхонандаи бахши тоҷикии сомонаи “Азия-Плюс” буд. Онро беш аз 9 ҳазор маротиба диданд.
11. Кишварҳои Осиёи Марказӣ обро чӣ гуна тақсим карданд?
Тақсимоти об байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки яке аз масъалаҳои қобили таваҷҷуҳ дар ҳамаи кишварҳо аст, аз дигар маводҳои пурхонанда буд, ки онро 8,8 ҳазор маротиба хондаанд.
12. Соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ аз 100 млн нафар зиёд мешавад. Моро чӣ интизор аст?
Чолишҳое, ки соли 2050, баъди то 100 млн нафар расидани аҳолии Осиёи Марказӣ дар минтақа ба миён меояд, аз дигар мақолаҳои сертаваҷҷуҳи бахш мебошад. Онро 8,5 ҳазор бор хонданд.
13. Модари бехабару бародари ҳайрон. Наздикони Саидакрам намедонанд барои ҳимояи ӯ чӣ кор кунанд
Боздошти 4 шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун гумонбари асосӣ дар ҳамла ба “Крокус” ва худи онҳо яке аз чеҳраҳои асосии хабарсоз дар соли гузашта буданд. Баъди ин ҳодиса ҳамаи расонаҳо кӯшиш мекарданд, ки дар бораи гумонбарони боздоштшуда аз наздикону дӯстонашон маълумот пайдо кунанд. Ҳамин тариқ, як гузориши бахши тоҷикии “Азия-Плюс”-ро аз хонаи яке аз ин гумонбарон танҳо дар сомона беш аз 8 ҳазор маротиба хонданд.
14. Куштори пурасрори 6 нафар, аз ҷумла 2 ноболиғ дар Конибодом
Ин бор низ куштори пурасрори чанд нафар дар Конибодом, ки дар миёнашон ду ноболиғ ҳам буданд, яке аз маводҳои серхонанда шуд ва онро танҳо дар сомонаи бахш беш аз 7,8 ҳазор маротиба хонданд.
Гузориши дигари мо аз хонаи яке аз гумонбарони дигари ҳаводиси “Крокус” ва суҳбати озоди модару падари ӯ дар робита ба ин шахс яке аз маводҳои пурхонанда шуд. Онро 7,8 маротиба хонданд.
PS: Хонандагони гиромӣ, умедворем, соли шумо низ бобарор гузашт, натиҷаҳои онро хуб ҷамъбаст карда, хулоса ва нақшаҳои соли ояндаатонро маълум кардед. Бо мо бимонед, ваъда медиҳем, ки шуморо аз охирин ва муҳимтарин хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон огоҳ хоҳем кард ва онҳоро барои шумо шарҳ хоҳем дод.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 январи соли 2025
Аз Давлатманд Холу Раҳматилло Зоиров то Мирзо Шукурзодаву Низорамо Зарифова. Киҳо дар соли 2024 моро тарк карданд?
RSF: Соли гузашта “Толибон” 12 расонаро комилан баста, 25 рӯзноманигорро боздошт кардаанд
“Саркӯбшудаҳо сафед шаванд”. Дар Қирғизистон қонуни офиятбахшии таъқибу саркӯбшудагони замони шӯравӣ қабул шуд
Аз Хоруғ то Малдив. Хатсайрҳои ҳавоие, ки дар Тоҷикистон соли 2024 боз шуданд
Аз моҳи июн дар ҳамаи гузаргоҳҳои сарҳадии Русия сурат ва изи ангушти муҳоҷиронро мегиранд
Дар Туркия барои 5 кас бо гумони шарикӣ бо муттаҳамони ҳамла ба “Крокус” то 15 соли зиндон талаб карданд
Шумораи доварони тоҷик, ки бозиҳои байналмилалии футболро ҳакамӣ мекунанд, зиёд шуд
Мусодираи беш аз 1 тонна маводи нашъадор дар натиҷаи амалиёти “Кӯкнор-2024”
Футболбозони тоҷик ба Суперлигаи Ӯзбекистон мераванд: теъдоди онҳо бисёр мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста