Мақомоти пулиси шаҳри Санкт-Петербурги Русия шоми 31-уми декабр ва шаби 1-уми январ ба таври оммавӣ муҳоҷиронро боздошт кардааст. Дар ин бора “Новая газета Европа” бо истинод ба як манбаъ дар Маркази “Э”-и Санкт-Петербург хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, боздоштҳо дар доираи амалиёте бо номи “Азамат” сурат гирифтааст. Тавре ки Медуза менависад, муҳоҷиронро дар кӯчаву манзилу хобгоҳҳояшон боздошт кардаанд.

Ҳангоми баргузории амалиёт кормандони пулис мавзеъҳои баргузории рейдро муҳосира кардаанд. Нашрия менависад, кормандони пулис як гурӯҳи тарибан аз 30 нафар иборатро боздошт кардаанд, ки гӯё бо либоси Бобои Барфӣ ва Барфак аз ин муҳосира гузаштанӣ будаанд.

Ин Бобои Барфӣ тоҷик будааст
Сурат: SOTA

Бино ба маълумоти нашрияи “Фонтанка”-и Петербург, кормандони пулис ҳудуди 3 ҳзор нафарро боздошт кардаанд.

"Новая газета Европа" менависад, боздоштшудагон “хеле зиёданд”: ҳамроҳи мардон занону кӯдакон низ боздошт шудаанд. Мардони боздоштшударо ба шуъбаҳои пулис ва занону кӯдаконро ба қабулгоҳи махсус дар Красное Село бурдаанд.

Ба иттилои ин расона, субҳи рӯзи 1-уми январ намояндагони комиссаритаҳои ҳарбӣ назди бисёре аз боздоштшудагон омада, ба онҳо пешниҳод кардаанд, ки худро ба сифати “ихтиёрӣ” ба артиш номнавис кунанд.

Ба одамон таҳдид кардаанд, ки оилаҳояшонро аз Русия ихроҷ мекунанд.

Нашрия менависад, ба касоне, ки шаҳрвандии Русияро надоштаанд, пешниҳод намудаанд, ки метавонанд онро бо тартиби содашуда дастрас кунанд. Яъне, тавассути бастани шартнома бо Вазорати дифои ин кишвар ва иштирок дар ҷанги Русия дар Украина.

Ба иттилои манбаъ, на камтар аз 1,5 ҳазор нафар ба имзои қарордод бо Вазорати мудофиаи Русия розӣ шудаанд, ҳарчанд ин маълумотро мақомоти ин кишвар тасдиқ накардаанд.

Тавре ки хадамоти матбуоти муттаҳидаи судҳои Санкт-Петербург хабар медиҳад, рӯзи 1-уми январ додгоҳҳои ноҳиявӣ 31 санади маъмуриро дар бораи нақзи қонунгузории муҳоҷират баррасӣ карда, нисбати 27 нафар қарори ҷарима ва ихроҷ аз Русия содир кардааст. 2 нафарро танҳо ҷарима ва 2 нафарро раҳо кардааст.

Рӯзи 2-юми январ додгоҳҳо санадҳои нисбати 13 нафар тартибдодашударо баррасӣ карда, нисбати ҳамаи онҳо қарори ҷарима ва ихроҷ аз Русия содир кардаанд. Дар ин бора “Фонтанка” бо истинод ба хадамоти матбуоти муттаҳидаи судҳои Санкт-Петербург хабар медиҳад.

Кӯшиши "Азия-Плюс" барои дастрас кардани шарҳи Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар робита ба боздоштҳои охир бесамар анҷомид. Худи ин ниҳод ҳам то кунун расман изҳороте интишор накардааст. 

Моҳҳои ахир мақомоти Русия ҳарчи бештар ба зодагони Осиёи Марказӣ пешниҳод мекунанд, ки ба ивази имзои қарордод бо Вазорати мудофиа бо тартиби соддашуда шаҳрвандии Русияро соҳиб шаванд. Ғайр аз ин, мақомоти пулис дар ҷараёни рейдҳо муҳоҷирони дорои шаҳрвандии Русияро боздошт карда, ба комиссариатҳои ҳарбӣ мебарад.

Моҳи ноябри соли 2023 сардори Сарраёсати ВКД оид ба масоили муҳоҷират Валентина Казакова хабар дода буд, ки дар Русия 6,4 млн нафар шаҳрвандони хориҷӣ ҳузур дошта, аксарияти онҳо бо мақсади кор ба ин кишвар омадаанд. Аз нигоҳи вуруди муҳоҷирон ба Русия Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон пешсафанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.