Минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамасола барои обёрӣ зиёда аз 60 млрд метри мукааб обро аз ҳавзаи дарёҳои Амударё ва Сирдарё истифода мебарад. Ин 6 баробар зиёдтар нисбат ба зарфияти обанбори Норак аст.
Аммо солҳои ахир тақрибан 70-80%-и ҳаҷми пешбинишуда (лимит)-и гирифтани об истифода мешавад. Гап сари он аст, ки дарёҳои фаромарзӣ бо сабаби кам шудани маҷро (вуруди об)-и онҳо дигар ҳаҷми дилхоҳи обро дода наметавонанд.
Чи қадаре ки барф зиёд бошад, ҳамон қадар беҳтар аст
Намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯби Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии об (КБҲО) маъмулан соле ду маротиба – дар фасли баҳор ва тирамоҳ – барои тасдиқи ҳаҷми пешбинишудаи гирифтани об аз ҳавзаҳои ду рӯдхонаи калонтарини минтақа – Амударё ва Сирдарё гирдиҳам меоянд.
Дар давраи нашъунамо (тобистон) аз Амударьё барои обёрӣ қариб 56 млрд метри мукааб об гирифта мешавад. Аз ин 15,7 милрд метри мукаабаш ба мавсими байни нашънамо — аз октябр то апрел рост меояд.
Ҳаҷми умумии лимити гирифтани об аз Сирдарё дар давраи байни нашъунамои солҳои 2023-2024 4,24 млрд метри мукаабро ташкил медиҳад.
Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷаласаи навбатии 86-уми КБҲО ки моҳҳои наздик дар Қазоқистон баргузор мешавад, бо назардошти вазъи кунунии об, лимитро бори дигар мушаххас намуда, ислоҳи мувофиқ ворид хоҳанд кард.
Ҳамааш аз он вобаста хоҳад буд, ки чӣ қадар об ба дарёҳои фаромарзӣ ҷорӣ мешавад. Зимистони имсола дар минтақа якранг набуд: дар аввал ҳаво гарм ва охири моҳи феврал борону барф борид. Ин ба сатҳи барфпӯшии кӯҳҳо таъсири мусбат расонида, тобистон дарёҳо обанборҳоро пур мекунанд ва онҳо барои обёрии киштзорҳо об медиҳанд.
Бинобар ин, чуноне ки коршиносон мегӯянд, мавсими имсолаи кишоварзӣ бояд бидуни мушкилоти ҷиддӣ гузарад.
Соли гузашта об чӣ тавр истифода шуд?
Соли гузашта лимити умумии гирифтани об аз ҳавзаҳои ду дарё – Амударё ва Сирдарё дар ҳаҷми 51 млрд 572,6 млн метри мукааб об барои обёрӣ тасдиқ карда шуд. Аз ин миқдор ҳаҷми обгирӣ аз Амударё 39 млрд 677,6 млн метри мукааб ва аз Сирдарё 11 млрд 895 млн метри мукаабро ташкил дод.
Аммо дар соли 2023 кишварҳои Осиёи Марказӣ воқеан 42 млрд 997,1 млн метри мукааб ё худ 83,37%-и лимитро истифода кардаанд. Ҳаҷми обгирӣ аз Амударё 33,2 млрд ва Сирдарё - 9 млрд 807 млн метри мукаабро ташкил дод.
Гап ин ҷо сари сарфакорӣ нест.
Ҳаҷми воқеии об дар мавсими нашъунамои соли 2023 дар ҳавзаи дарёи Амударё 93,1% аз меъёрро ташкил дод. Аммо агар дар моҳҳои апрель—май он 68-85% аз меъёрро ташкил медод, пас аз даҳаи дуюми моҳи июн он то 115% аз меъёр зиёд шуд.
Ин имкон дод, ки то охири мавсим ҳаҷми пешбинишудаи об дар обанборҳо ҷамъ карда шавад, аммо дар оғози мавсими кишт ба таъмини об ба кишварҳои поёноб таъсири манфӣ расонд.
Дар даҳаи дуюми моҳи феврал маҷрои Амударё 722 млн метри мукаабро ташкил дод, ки нисбат ба пешгӯишуда 50 млн метри мукааб камтар аст. Маҷрои (вуруди) об ба обанбори Норак назар ба пешбинишуда 24 метри мукааб кам шуда, мутаносибан партоб аз обанбор низ коҳиш ёфт.
Ҳаҷми оби Норак дар ин муддат 7,1 млрд метри мукаабро ташкил дода, ин назар ба ҳаҷме, ки ин обанбор ғунҷонда метавонад, беш аз 3 млрд метри мукааб камтар аст.
Оби ҳавзаи Амударёро Тоҷикистон ҳамагӣ 97,5% аз лимити худ (6 млрд 781,9 млн метри мукааб аз 6,95 млрд) истифода бурд.
Туркманистон - 90,1% (13 млрд 969 млн аз 15,5 млрд)
Ӯзбекистон - 72,2% (12,4 млрд аз 16 млрд)
Вуруди об ба Сирдарё (маҷро) амалан 20-23% камтар аз меъёр буд.
Обро аз ин ҳавза Тоҷикистон ба миқдори 75,38% (лимит - 1,9 млрд метри мукааб, амалан – 1436 млн) истифода кард.
Қазоқистон - 80,43% (лимит – 920 млн метри мукааб, амалан – 704 млн)
Қирғизистон - 69,63% (лимит – 270 млн метри мукааб, амалан – 188 млн)
Ӯзбекистон – 85% (8,8 млрд метри мукааб, амалан – 7,48 млрд).
Моҳи ноябри соли 2023 дар ҷаласаи 85-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии об кишварҳои Осиёи Марказӣ лимитҳоро оид ба обгирӣ дар мавсими байни нашъунамо дар солҳои 2023-2024 мувофиқа карданд.
Мувофиқи лимитҳои обгирӣ аз Амударё дар давраи байни нашъунамо (аз 1 октябри соли 2023 то 1 апрели соли 2024) кишварҳо бояд дар чунин ҳаҷмҳо об мегирифтанд:
Тоҷикистон - 2,87 млрд метри мукааб
Туркманистон – 6,5 млрд метри мукааб
Ӯзбекистон – ҳудуди 6 млрд метри мукааб.
Ва аз Сирдарё:
Тоҷикистон - 365 млн метри мукааб
Қазоқистон - 487 млн метри мукааб
Қирғизистон - 47 млн метри мукааб
Ӯзбекистон – 3,3 млрд метри мукааб
Об беҳуда талаф меёбад
Бино ба маълумоти профессори Пажуҳишгоҳи масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Яраш Пӯлодов, тағйири ҳаҷми маҷрои дарёҳо дар Тоҷикистон барои фасл ва солҳои алоҳида фарқ мекунад - тағйирот метавонад аз нишондиҳандаҳои миёна камтар ё зиёдтар бошад.
Ҳаҷми оби дарёҳо аз бисёр омилҳо вобаста буда, омилҳои асосӣ - баландшавии ҳарорат, суръати обшавии пиряхҳо, боришот ва ғайра мебошанд.
Дар ҳамин ҳол, теъдоди аҳолии минтақа босуръат зиёд шуда, дар соли 2023 аллакай ба 80 млн нафар ва бо назардошти Афғонистон, ки аз ҳавзаи Амударё ҳиссаи оби худро талаб дорад, то ба 120 млн нафар расидааст.
Тибқи маълумоти дастрас, майдони заминҳои обёришаванда дар минтақа аз 2,2 млн гектар дар аввали асри XX то ба 10,5 млн афзудааст. Агар ба ин ҷо майдони замини обии Афгонистонро илова кунем, ин рақам то ба 14 млн гектар мерасад.
Сарфи назар аз тадбирхои андешида, истифодаи ғайриоқилонаи об дар бахши кишоварзӣ яке аз мушкилоти асосӣ боқӣ мемонад. Обе, ки аз ҳавзаҳои Амударё ва Сирдарё тибқи лимит гирифта мешавад, ҳамагӣ 40% истифода шуда, 60%-аш беҳуда талаф меёбад.
Дар баробари ин, ҳангоми тақсимоти навбатии об барои обёрӣ омили навро ба назар гирифтан лозим аст. Ин омил он аст, ки Афғонистон канали Қуштеппапор месозад ва тибқи баъзе маълумот, он 10 млрд метри мукааб обро мегирад ва вазъияти марбут ба обёриро дар кишварҳои поёноб - Ӯзбекистон ва Туркманистон боз ҳам душвортар месозад.
Сайфуллоҳи Муллоҷон: Бо ҳама каму косташ таъсиси Тоҷикистони Шӯравӣ ҳодисаи бузурги таърихи мо аст
Иҷозатномаи электронӣ барои ҷашну маросим. Ин чӣ аст ва онро чӣ гуна метавон ба даст овард?
Ба корхонаҳои Хоҷагии манзилию коммуналӣ 4 млн доллар қарзи андозро бахшиданд
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон. Куҷо рафт ва чиҳоро ифтитоҳ кард?
Дар Тоҷикистон 255 мактаб дар минтақаи ҳолатҳои фавқулода қарор доштааст
Сокинони Русия теъдоди муҳоҷиронро беҳад зиёд донистаанд
Боздошти духтари 19-сола барои таҳдиди паҳн кардани аксҳои маҳрамонаи як мард
Таҷҳизоти гармидиҳӣ насб мекунед ва ё он кор намекунад? Ба куҷо ё кӣ метавон муроҷиат кард?
Дотситонӣ амри тахриби ду бинои навсохт дар Душанберо додааст
Марги чаҳор сарбози Исроил дар пайи ҳамлаи “Ҳизбуллоҳ”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста