Дар Тоҷикистон ба ҳолати нимсолаи аввали соли ҷорӣ, яъне пас аз анҷоми соли хониши 2023-2024, 2670 омӯзгор намерасад. Дар ин бора Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми кишвар иттилоъ дод.
Ӯ имрӯз, 26-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, омори норасоии омӯзгорон пас аз анҷоми соли хониши сипаришуда ҳисоб гардидааст ва баъди оғози соли хониши оянда метавонад тағйир ёбад.
“Бо мақсади бартараф намудани норасоии омӯгорон 2 ҳазору 170 нафар донишҷӯ дар мувофиқа бо ҳукумати Тоҷикистон ба муассисаҳои таълимӣ сафарбар карда шудаанд. Ҳамаи онҳо ба ҷойи кори муваққатӣ ҳозир шудаанд”, - гуфт Раҳим Саидзода.
Бояд гуфт, оғози соли ҷорӣ, дар мактабҳои Тоҷикистон норасоии омӯзгорон ба маротиб камтар буд. Он замон Раҳим Саидзода гуфта буд, ки дар мактабҳои шаҳру навоҳии Тоҷикистон ҳудуди 300 омӯзгор намерасад. Ӯ зикр карда буд, ки беш аз 1,5 ҳазор омӯзгор, ки аз кор рафта буданд, дубора ба кор баргаштаанд.
Ҳамчунин, тибқи иттилои ахири вазири маориф ва илми кишвар, ҳоло дар Тоҷикистон ба 4 ҳазору 301 кадри омӯзгорӣ эҳтиёҷ аст, ки ин нисбат ба соли гузашта 46 нафар кам аст.
“Ин маълумот охири соли хониши гузашта аз ҷониби шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ба вазорат пешниҳод шудааст. Ҳар сол вобаста ба соли хониши нав аз ҷониби шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо дархост мегирем ҷиҳати норасоии омӯзгорон. Омӯзгоне ҳастанд, ки ба нафақа мераванд, дар робита ба таваллуди фарзанд ба рухсатӣ мераванд. Бо назардошти ин, эҳтиёҷот ба омӯзгорон муайян карда мешавад”, - гуфт Раҳим Саидзода.
Ба иттилои вазири маориф ва илми кишвар, соли ҷорӣ зиёда аз 16 ҳазор нафар самти омӯзгориро хатм мекунанд. Аз ин теъдод, тахминан 5 ҳазору 418 нафар ба таври буҷавӣ таҳсил мекунанд. Яъне, онҳое, ки тариқи буҷавӣ таҳсил мекунанд, ҳатман роҳхат мегиранд барои фаъолият чун омӯзгор.
Дар бораи яке аз сабабҳои тарки пеша кардани омӯзгорон метавонед аз матлаби “Омӯзгорон дар Тоҷикистон корро тарк мекунанд. Сабаб қабули қонун дар бораи таълиму тарбияи кӯдакон аст?” маълумоти бештар гиред.
Сокинони Тоҷикистон ҳар рӯз зиёда аз 1 миллион сомонӣ ҷарима мешаванд
“Долони соддашудаи гумрукӣ" миёни Тоҷикистону Русия - қадаме сӯйи ИИАО?
Эмомалӣ Раҳмон ба Доналд Трамп барқияи табрикотӣ ирсол кард
Аҳмади Иброҳим иттиҳоми алайҳаш эълоншударо рад кардааст
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки чаро ба Конститутсияи Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардид
Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2: “Истиқлол”-у “Равшан” дигар имкони баромадан аз гурӯҳро надоранд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Додхоҳии пашша аз бод”
Доналд Трамп ба Кохи Сафед бармегардад
Маконҳои зебои Душанбе ва атрофи он барои аксбардории арӯсу домод
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон муборак бод!
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста