Норасоии омӯзгорон дар мактабҳои шаҳру навоҳии Тоҷикистон ба маротиб кам шудааст ва дар ҳоли ҳозир ҳудуди 300 нафарро ташкил медиҳад. Беш аз 1,5 ҳазор омӯзгор, ки аз кор рафта буданд, дубора ба кор баргаштаанд. Дар ин бора Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми кишвар зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ӯ гуфт, дар соли таҳсили 2023-2024 мактабҳои кишвар ба 4 ҳазору 353 омӯзгор эҳтиёҷ доштанд. Ин омор нисбат ба соли таҳсили 2022-2023-юм 947 нафар зиёд буд.
“Бо мақсади таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ дар соли 2023 дар 14 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ (литсейю коллеҷҳо) ва 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ (донишкадаву донишгоҳҳо) тақсимоти мутахассисони ҷавон гузаронида шуд”, - гуфт вазири маориф ва илм.
Ба гуфтаи Раҳим Саидзода, дар асоси тақсимоти мазкур 3 ҳазору 432 ба мактабҳо сафарбар гардиданд. Аз ин теъдод 669 нафар тибқи квотаи президент таҳсил кардаанд.
Аммо аз онҳо ҳамагӣ 2 ҳазору 386 нафар ба ҷойи кор ҳозир шуданд, ки тақрибан 70 дарсадро ташкил медиҳад.
Дар ин баробар, 1 ҳазору 537 нафар омӯзгор дар мактабҳои Тоҷикистон, ки бо сабабҳои гуногун аз кор рафта буданд, дубора ба кор оғоз кардаанд. Дар ин робита як манбаъ аз вазорат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки як теъдоди зиёди ин омӯзгорон аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба ватан баргаштанд ва кори омӯзгориро оғоз намуданд.
Инчунин, ҳудуди 130 нафар омӯзгорони зан аз “декрет” ба кор баргаштаанд.
Ба гуфтаи вазири маориф ва илм, айни замон дар макотиби миёнаи кишвар ҳудуди 300 нафар омӯзгор намерасад.
Инчунин, бо фармоиши вазири маориф ва илм, 2 ҳазору 170 нафар донишҷӯёни курсҳои 4 ва 5-уми ихтисоси барои таҷрибаомӯзӣ ба мактабҳои кишвар фиристода шудаанд. Онҳо дар ҳисоби кадрии омӯзгорон ворид намешаванд, вале ба муддати 1 сол дар мактабҳо дарс медиҳанд.
Таъкид гардид, ки мушкили нарасидани омӯзгорон тадриҷан ҳалли худро ёфта истодааст ва вазорат барои ҳалли он чораандешӣ мекунад.
Раҳим Саидзода гуфт, дар ҳоли ҳозир дар мактабҳои Тоҷикистон беш аз 128 ҳазор омӯзгор кор мекунанд, ки 72 дарсади онҳоро занон ташкил медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол, ҳукумати кишвар ҳамасола маблағгузории соҳаи маорифро афзоиш медиҳад: дар буҷети давлатии соли 2024-ум 8 миллиарду 231 миллион сомонӣ барои соҳаи маориф пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2023-юм 1 миллиарду 21 миллион сомонӣ ё 12,5 фоиз зиёд мебошад.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2025
Баъди 13 рӯзи озодӣ аз маҳбас. Боздошти як ҷавон бо гумони дуздии телефону дучарха
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2025 аз кадом ҳисоб зиёд мешаванд?
Вазири дифои Тоҷикистон дар Эрон. Бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?
Дар Тоҷикистон расман бекорон қариб нестанд, вале...
Бо нозири минтақаи худ шинос шавед! Пулиси Душанбе “телеграм-бот”-и “Нозири минтақавии ман”-ро фаъол кард
Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд хатсайри нави ҳавоӣ боз кунанд
Ҷароҳати 11 кас, кӯчонидани зарардидаҳо ва ҳаҷми кумакҳо ба сокинон. Ҷузъиёти рафъи паёмади заминларза дар Рашт
“Саргузашт”-и Пушкин ва мӯшикофии як ҷиноят. Дар рӯзи дуюми “Парасту-2025” дар оинаи театр чӣ ҷило ёфт?
Муҳити кӯҳӣ дар шаҳр. Рақобати дучархаронони 20 давлат дар Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста