Ҷасади як духтарчаи 13‑соларо баъди 8 моҳи дар як канали Варзоб ғарқ шуданаш ҷустуҷӯ карданд, вале кофтуков бенатиҷа анҷомид. Он духтар Рӯзигул ном дошт ва кунун модараш талаб дорад, ки ҷустуҷӯи варо идома диҳанд. Мақомот сабаби ба таъхир афтодани ҷустуҷӯро шарҳ доданд.

“Хабари ғарқ шудани духтарамро дар муҳоҷират шунидам”

Шодигул Мирзоева, модари Рӯзигул дар сӯҳбат бо “Азия‑Плюс” гуфт, ки духтараш рӯзи 5-уми ноябр дар канали Варзоб, ки аз ҳудуди пойтахт мегузарад, ба об афтода, ғарқ шудааст.

Модараш гуфт, ки ба қавли дугонаҳояш вақте мехост, ки об нӯшад, ба канал афтодааст. Замоне ки Рӯзигул ғарқ шуд, модари ӯ дар Русия қарор дошт ва бо шунидани ин хабар ҳамон рӯз ба Тоҷикистон меояд.

Модари Рӯзигул моҳи ноябри соли 2023 ба Ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт муроҷиат намуда, хостори он шудааст, ки оби каналро муваққатан бубанданд, то ҷасади духтарчааш пайдо ва ба хок супорида шавад.

Аммо ба хотири шурӯъ шудани гармидиҳӣ дар пойтахт хостаи модари Рӯзигул қабул намешавад. Масъулин ба ин модар мегӯянд, ки моҳи апрел пас аз тамом шудани мавсими гармидиҳӣ муроҷиат намояд.

Модар мехоҳад, ки ҷасади духтарашро ёбанд

Бо сабаби боронҳои зиёд то ин дам Шодигул Мирзоева ба мақомот муроҷиат нанамудааст.

“Ду ҳафта қабл ба Ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонӣ муроҷиат кардам, масъулин гуфтанд, ки аризаи маро дида мебароянд. Рӯзи 24‑уми июл занг заданду гуфтанд, ки обро мебанданд ва духтарамро ҷустуҷӯ мекунанд. Омаданд, кофтуков карданд, вале мутаасифона бенатиҷа буд”, ‑ гуфт модари Рӯзигул.

Шодигул Мирзоева мегӯяд, ки ҳоло ҳам ба ёфт шудани ҷасади духтараш боварӣ дорад ва мехоҳад дубора аз мақомот дархост намояд, то ин маротиба ҷасади Рӯзигулро тавассути техника ҷустуҷӯ намоянд.

Шодигул Мирзоева
Акс аз Радиои Озодӣ

Ба гуфтаи модар, Рӯзигул вақте дар об ғарқ шуд, 13‑ солаву 6 моҳа буд ва агар ба об намеафтид дар моҳи июни имсол 14‑сола мегардид.

Масъулин: “6 соат ҷустуҷӯ кардем”

Як масъули КҲФ дар сӯҳбат бо “Азия‑Плюс” гуфт, ки дар кофтуков 120 нафар кормандони ниҳоди мазкур ширкат намуданд ва аз соати 5:00‑субҳ то 11:00 ‑ и нисфирӯзӣ ҷустуҷӯ сурат гирифтааст.

Ӯ зикр кард, ки бо вуҷуди борониҳои зиёд ва омадани сел қаъри канал аз гилу қум пур шуда буд, бинобар ин кори онҳо натиҷа надодааст.

Ин масъули кумита гуфт, ба хотири он ки оби канали мазкур нисфи аҳолии Душанберо бо оби нӯшокӣ таъмин мекунад, қарори қатъ гардидани интиқоли об то имрӯз набаромада буд.

“Соли гузашта ҷаласаи сайёр аз ҳисоби роҳбарияти мақомотҳои дахлдор ташкил намудем, дар онҷо мутахасиси калони Хадамоти давлатии санитарию эпидемеологӣ қатъ намудани обро қабул накард ва гуфт, ки системаи мо аз кор мемонад. Мутахассис гуфт, ки дар фасли сармо тамоми аҳолии шаҳр бе оби нӯшокӣ ва бе гармӣ мемонанд. Он вақт ба системаи гармидиҳӣ гузашта будем”, ‑ гуфт масъули кумита.

Қаблан дар моҳи ноябр кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҷасади Рӯзигулро ҷустуҷӯ кардаанд, аммо бо сабаби баланд будани сатҳи об, кофтуков бенатиҷа анҷомидааст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 25‑уми июл дар асоси қарори Рустами Эмомалӣ шаҳрдори Душанбе барои ёфтани ҷасади Рӯзигул оби канали дериватсиониро бастанд. Интиқоли оби нӯшокӣ дар як қатор маҳаллаҳои шаҳри Душанбе аз соати 6:00-и субҳ то соати 20:00 шаб қатъ гардид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.