Дар шаҳри Душанбе таваққуфгоҳҳои худкори пулакӣ барои автомашинаҳо амал мекунанд. Онҳо дар куҷо ҷойгир шудаанд, чӣ гуна кор мекунанд, арзишашон чӣ қадар аст ва чӣ гуна метавон осон пардохт намуд? Ҳамаи ҷавобҳо дар маводи мо:

 

Таваққуфгоҳҳои пулакӣ дар куҷо ҷойгир шудаанд?

Макони ҷойгиршавии ҳамаи таваққуфгоҳҳо дар портали махсуси neru.tj зикр шудаанд. Бо истифода аз харита шумо хеле зуд таваққуфгоҳи наздиктаринро ёфта метавонед.

 

Нархи таваққуфгоҳи пулакӣ чӣ қадар аст?

10 дақиқаи аввал - бепул, баъдан ҳар 1 соат 3 сомонӣ нарх дорад. Шабона аз соати 10-и шаб то 7-и субҳ - таваққуфгоҳ бепул аст.

 

Маблағи таваққуфгоҳои пулакиро чӣ хел метавон пардохт кард?

Пардохт бо пули нақд барои таваққуфгоҳ ғайриимкон аст. Лекин се тарзи дигар дастрас аст: тариқи QR-рамз (код), ба воситаи замимаи бонкӣ ва тавассути паёмак (смс).

 

Тариқи QR-рамз

Камераи телефони худро ба QR-рамзе, ки дар таваққуфгоҳ ҷойгир аст, наздик баред. Дар телефони Шумо ба таври худкор бахши пардохти таваққуфгоҳ дар замимаҳои мобилии DC NEXT ё Favri аз Коммерсбонк кушода мешавад. Ин ҷо шумо метавонед рақами давлатии воситаи нақлиёт (0000АА01) ва вақти таваққуфро ворид карда, пардохтро анҷом диҳед.

Таваҷҷуҳ! Ҳамаи QR-рамзҳо ягона мебошанд. Барои анҷом додани пардохт нусхабардорӣ (скан кардан)-и QR-рамзи маҳз ҳамон таваққуфгоҳе, ки шумо ҳозир аз он истифода мебаред, ҳатмӣ нест.

 

Пардохт ба воситаи замимаҳои бонкӣ

Маблағи таваққуфгоҳро тариқи замимаҳои бонкии DC NEXT ё Favri аз Коммерсбонк пардохт кардан мумкин аст.

 

Тариқи DC NEXT:

1. Интихоби бахши “Хизматрасониҳо” (Сервисы);

2. Баъдан Cityparking;

3. Рақами автомашинаи худро нависед (0000АА01);

4. Вақти таваққуфро муайян кунед;

5. Тугмаи “Пардохт” (Оплатить)-ро пахш намоед. 

 

Тариқи замимаи Favri:

1. Кушодани “Дигар хизматрасониҳо” (Другие услуги);

2. Интихоби бахши “Пардохти таваққуфгоҳ (Neru)” (Оплата парковки (Neru);

3. Ворид кардани рақами автомашина (0000АА01) ва маблағ;

4. Пахши “Пардохт” (Оплатить).

 

Тариқи паёмак (СМС)

Барои пардохт тариқи паёмак ба рақами кӯтоҳи 7788 рақами давлатии воситаи нақлиёт, силсила ва минтақа (0000АА01)-ро равон кунед.

Ба Шумо дар муддати якчанд сония дар бораи бақайдгирии муваффақона паёмаки ҷавобӣ меояд. Дар идома Шумо вақти таваққуфро ворид менамоед, масалан “як ё ду соат” ва ғайра.

Агар телефони Шумо ба замимаи бонкӣ пайваст набошад, маблағ аз тавозун (баланс)-и телефон гирифта мешавад. Агар пардохт муваффақона анҷом ёбад, ба Шумо паёмаки дахлдор ирсол мегардад.

QR-рамз барои пардохт дар таваққуфгоҳҳои пулакӣ
Сурат: Asia-Plus

 

Оё боз дигар тарзҳои пардохт пайдо мешаванд?

Лоиҳа оид ба роҳандозии фаъолияти таваққуфгоҳҳои пулакӣ дар навбати аввал, барои беҳбуди некӯаҳволии сокинони шаҳр пешбинӣ шудааст. Аз ин рӯ, пешниҳодҳои сокинони пойтахт баррасӣ ва ба инобат гирифта мешаванд. Ба наздикӣ тарзҳои нави пардохт тариқи дигар замимаҳои бонкӣ рӯйи кор меоянд.

 

Агар мошинро дар таваққуфгоҳ гузориву пардохт накунӣ, чӣ мешавад?

Барои ин, мувофиқи Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, як нишондищанда барои ҳисобҳо - 72 сомонӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Ҷаримаро чӣ гуна метавон пардохт кард?

Барои ин ба шӯъбаи БДА рафтан лозим нест - вақти худро сарфа намуда, дар портали neru.tj дар утоқ (кабинет)-и шахсӣ бо истифода аз “Корти милли”-и ҳама бонкҳои Тоҷикистон ё замимаҳои мобилии DC NEXT ё Favri пардохт кунед.

Агар ба ҳар сурат ба шӯъбаи БДА рафтед, дар хотир дошта бошед, ки ин ҷо пардохт бо пули нақд ғайриимкон аст. Пардохти ҷарима танҳо бо роҳи ғайринақдӣ анҷом дода мешавад. Агар бо ҳолате дучор шудед, ки аз шумо пардохти ҷаримаро бо пули нақд талаб кунанд ё маблағи ҷарима аз будаш зиёд шавад, метавонед бо рақами 7788 ё 2341064 шикоят кунед.

Тавсия медиҳем, ки ҷаримаҳоро онлайн ба воситаи утоқи шахсӣ дар сомонаи neru.tj пардохт намуда, аз ёрии миёнаравон худдорӣ кунед.

 

Боз савол доред?

Дар сурати пайдо шудани мушкилот дар мавриди бақайдгирӣ дар портали neru.tj ё пардохт кардан, шумо ҳамеша метавонед ба хадамоти дастгирӣ бо рақами 7788 муроҷиат намоед.

 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.