Дар зарфи се моҳи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 411 ҳолат ва ҳаводиси фавқулода (520 - ҳамин давраи соли 2022) ба қайд гирифта шудааст.
Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла 335 ҳодисаи тармафароӣ, 19 сангреза, 13 обхезӣ, 6 бӯрон, 2 боришоти пуршиддат, 1 ҳолати болоравии сатҳи об ва 1 ҳолати сардии шадид сабт шудааст.
Гуфта мешавад, аз шумори умумии ҳолатҳои фавулода, танҳо бар асари 19-тои он (семоҳаи 1-уми соли гузашта низ 19-то) ба аҳолӣ ва иқтисоди кишвар ба маблағи 20 млн 334 ҳазору 400 сомонӣ (4 млн 235 ҳазору 400 сомонӣ - январ-марти соли 2022) зарар расонида шудааст.
Дар се ҳодисаи ҳолатҳои фвақулода 24 нафар ҳалок шуданд.
Қариб ҳамаи ҳолатҳои фавқулода дар ВМКБ рух дод
Мувофиқи таҳлилҳо, миқёси фарогирии офатҳои табиӣ дар шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳои кишвар аз рӯи фоиз тариқи зайл аст:
- Тармафароиҳо - 52,6% (шаҳру навоҳии Хоруғ, Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон ва Роштқалъаи ВМКБ);
- Сангреза - 15,8% (ноҳияҳои Дарвоз, Рӯшон ва Роштқалъа);
- Селфароиҳо -10,5% (ноҳияҳои Файзобод ва Тоҷикобод);
- Барфреза - 5,3% (ноҳияи Дарвоз);
- Сардии шадид - 5,3% (ноҳияи Дарвоз)
- Заминларза - 5,3% (ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Рашт ва Нуробод).
Кӯдакон ғарқ мешаванд
КҲФ ҳамчунин хабар медиҳад, ки дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозиву шиноварӣ 18 нафар ғарқ шуданд, ки нисфи онҳо (9 нафар) ноболиғони синни то 16-солаанд.
Дар ин давра имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ 5 нафарро аз ғарқшавӣ наҷот додаанд.
Сабаби ғарқшавии кӯдакону наврасони зиёдро Кумита ба муносибати хунукназаронаи волидон ба онҳо, риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ва шиноварӣ дар ҷойҳои манъшуда нисбат медиҳад.
Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хотиррасон намудаанд, ки мавсими обоозӣ дар кишвар ҳоло оғоз нашудааст.