Овозхони 27-солаи тоҷик Некрӯз Ниёзов бар асари садамаи нақлиёт дар Душанбе ҳалок шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” пайвандони овозхон хабар доданд.
Ин ҳодисаи фоҷеабор рӯзи 21 сентябр дар мавзеи гардиши фурудгоҳ, каме дуртар аз тарабхонаи “Боми ҷаҳон”, овозхон дар он ҷо вохӯрие таъин карда будааст, рух медиҳад.
Бино ба маълумоти пешакӣ, Некрӯз Ниёзов соати 22:40 вақте аз автомашинаи худ мебарояд, ӯро автомашинаи “Лексус”, ки бо суръати баланд ҳаракат доштааст, пахш мекунад.
Кумаки аввалро ба овозхон таксирони шоҳиди ҳодиса расонидааст. Таксирон ӯро ба беморхона мебарад, вале мутаассифона, ба табибон муяссар нашудааст, ки ҳаёти Некрӯзро наҷот диҳанд. Рӯзи 21-уми октябр ӯ ба синни 28-солагӣ мерасид.
Пайвандони овозхон хабар доданд, ки ҷасади Некрӯз дар зодгоҳаш - ВМКБ ба хок супурда мешавад.
Наздиконаш мегӯянд, шахсияти гумонбар маълум шуда, ӯ боздошт шудааст, лекин тасдиқи ин маълумот дар милитсия ҳоло муяссар нашуд.
Дар ҳамин ҳол, тавре ки РВКД Душанбе хабар медиҳад, тақрибан соати 22:30 автомашинаи «Lexus RX350» (рақ. давл. 4800СС01 зери идораи сокини пойтахт Файзулло Комёб Машраби 18-сола ҳангоми ҳаракат аз кӯчаи Айнӣ ба самти кӯчаи Дӯстии халқҳо ба автомашинаи «Lexus RX350» (1981WM01) зери идораи сокини 19-солаи пойтахт Ахтамзода Оятулло Хушбахт бармехӯрад. Яке аз автомашинаҳо пиёдагарди дар канори роҳ қарордошта Некрӯз Ниёзовро пахш намудааст.
Гуфта мешавад, айни замон вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои дарёфтии "Asia-Plus" муқассири ин садама - Файзулло Комёб Машраби 18-сола эҳтимол дорад писари Файзулло Машраб Қурбоналӣ, ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия (ДСТР) бошад. Дар ин бора ба "Asia-Plus", наздикони сарояндаи фавтида иттилоъ доданд. Аммо тасдиқи дурустии ин хабар то ҳол ба "Asia-Plus" муяссар нашудааст, зеро ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ба зангҳои телефонӣ посух надод.
Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!