Соати 17:40 дақиқаи рӯзи 18 июн ба қисми навбатдории Хадамоти ҷумҳуриявии ҳарбии наҷот дар кӯҳи хадамоти КҲФ дар шаҳри Норак хабар расид, ки дар “Кӯли ҷавонон” (Комсомольском озере)-и шаҳр як наврас ғарқ шудааст.
Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, маълум шудааст, ки ҳангоми истироҳат бо аҳли оила ва оббозӣ сокини 16-солаи деҳаи ба номи И.Шарифии ноҳияи Данғара ғарқ шудааст.
Гуфта мешавад, ҷасади наврасро дар ҳамдастӣ бо ғаввосони неругоҳи барқи обии “Норак” ҷустуҷӯ карданд.
“Соати 19:10 дақиқа ҷасади наврас дарёфт шуда, ба ихтиёри кормандони милитсия супурда шуд”, - хабар дод манбаъ.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода сабаби аслии ба вуқӯъ омадани фоҷеаҳоро оббозӣ дар ҷойҳои мамнуъ, риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ва беназоратии волидон арзёбӣ карда, аз сокинон хоҳиш мекунад фарзандони ноболиғи худро беназорат нагузоранд.
Бино ба маълумоти Кумита, аз аввали соли ҷорӣ то ба имрӯз дар обҳои кишвар 67 нафар ғарқ шуданд, ки 31 нафари онҳо кӯдакони синни то 16-сола мебошанд.
Қобили зикр аст, ки дар рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта дар Тоҷикистон 3 кӯдак дар пайи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар обҳо ғарқ шуданд, ки хурдтарини онҳо моҳи ноябр 2-сола мешуд. Аз ин ҳодисаҳои нохуш 2-тоаш дар ноҳияи Зафарообод ва 1-тоаш дар ноҳияи Лахш рух додааст.