Як марди 49-солаи сокини шаҳри Душанбе рӯзи 29 август ба мақомоти милитсия муроҷиат намудааст, ки шаби 28 ба 29-и августи соли равон шахсони номаълум бо роҳи шикастани қулф вориди дӯкони заргариаш, воқеъ дар бозори “Бародарон”-и ноҳияи Рӯдакӣ шуда, аз он ҷо ба миқдори 1,5 килограмм маҳсулотҳои нуқрагӣ ва тахминан 12-15 грамм тиллоӣ, як адад планшети “Айпад”, як адад телефони мобилӣ ва як адад соати дастӣ, ки арзиши умумиашон 8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар ҷинояти дуздӣ ноболиғон: се нафар писарбачаи 14, 16 ва 17-солаи сокинони ноҳияи Рӯдакӣ дастгир карда шудаанд.
Гуфта мешавад, ҳамчунин, муайян карда шудааст, ки писарбачаи 16-сола дар ҷинояти дуздии молу амволи шахсӣ даст дошта, ҳамроҳи ҳаммаслакаш писарбачаи 13-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, рӯзи 13-уми августи соли ҷорӣ бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматии марди 24-солаи сокини ноҳияи мазкур шуда, аз дохили сандуқи оҳанин ҷавоҳироти нуқрагӣ ва тиллоӣ, ки арзиши умумиашон 8 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зимнан зикр мегардад, ки айни замон нисбат ба ин ҳодиса корҳои тафтишотӣ идома дорад.