Суди шаҳри Душанбе нисбати шаҳрвандон Исматуллоҳ Муҳаммадиев, Дарвеш Абдураҳимов ва Нуриддин Алибоев, ки дар куштори як зан гумонбар дониста мешуданд, ҳукм содир намуд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, моҳи июли соли равон Муҳаммадиев бо ҳамроҳии рафиқонаш Абдураҳимов ва Алибоев дар ҷои кораш - тарабхонаи “Истаравшан”-и ш. Душанбе бо мизоҷи ҳозиршуда Фотима Боймурзаеваи 23-сола, ки пиво менӯшид, шинос шуда, маслиҳат намудаанд, ки бо истифода аз мастии Боймурзаева, ӯро ба хонаи Абдураҳимов бурда, бо ӯ ҳамхоба мешаванд.
Гуфта мешавад, дар хонаи Абдураҳимов онҳо пивонӯшӣ ва суҳбаташонро идома дода, Муҳамадиев кӯшиш кардааст, ки бо зан алоқаи ҷинсӣ намояд, аммо ӯ рад намудааст. Номбурдагон бо истифодаи болишт Боймурзаева Ф.А.-ро нафасгир намуда, ба ҳалокат расонидаанд. Сипас номбурдагон ҷасади ӯро ба қисмҳо ҷудо карда, ба самти дарёи Душанбе, бурда, назди Қасри варзишӣ аз болои пули оҳанини одамгузар ба дарё партофтаанд.
Зикр мегардад, ки суди шаҳри Душанбе Алибоевро ба 21 сол, Абдураҳимовро ба 20 сол ва Муҳаммадиевро ба 19 солу 6 моҳи зиндони низомаш шадид маҳкум кард.