Комиссариати олии Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) дар умури паноҳандагон бо намояндаи Тоҷикистон дар Женева мулоқот карда, хостааст, ки аз ихроҷи муҳоҷирони афғонистонӣ ба кишваре, ки ҷонашон дар хатар аст, ҷилавгирӣ кунад. Дар ин бора Мусаввир Баҳодурӣ, раиси Кумитаи муҳоҷирони Афғонистон дар Тоҷикистон бо нашри як эъломия дар саҳифаи фейсбукаш хабар дод.
Мусаввир Баҳодурӣ дар эъломияи худ зикр карда, ки рӯзи 11-уми декабр бо раиси дафтари СММ дар Тоҷикистон Иван Салеев вохӯрӣ анҷом додааст.
Ба гуфтаи ӯ, намояндаи СММ дар Тоҷикистон бо сабаби он ки қонунан ба корҳои дохилии давлати Тоҷикистон дахолат карда наметавонад, аз ихроҷи афғонистониҳо ба дафтарҳои марказияшон дар Женева гузориш фиристодаанд. Онҳо пешниҳод кардаанд, ки масъала дар сатҳи мақомоти баландпоя баррасӣ шавад.
Дар ин вохӯрӣ таъкид шудааст, Тоҷикистон паймонҳои байналмилалиро имзо кардааст ва тибқи он набояд паноҳандагонро ба кишварҳое фиристод, ки ҷони онҳо дар хатар аст ва дар он сарзамин гурӯҳи Толибон* ҳукмфармоянд.
Роҳбари Кумитаи муҳоҷирини Афғонистон дар Тоҷикистон ба ҷойи ихроҷ роҳҳои ҷойгузин, аз қабили интиқол ба кишвари сеюм ё тaтбиқи қонунҳои дигар, монанди ҷарима ё зиндонро пешниҳод кардааст.
Мусаввир Баҳодурӣ гуфтааст, ки муҳоҷирони афғонистонӣ ба қонунҳо, анъанаҳо ва муқаррароти Тоҷикистон эҳтиром мегузоранд ва дар сурати такрори рафтори ғайриқонунӣ, онҳо омода ба ҳамкорӣ бо мақомоти амниятӣ хоҳанд буд.
СММ кӯшиш дорад то бо мақомоти Тоҷикистон музокира кунад ва раванди ихроҷи афғонистониҳоро аз Тоҷикистон боздорад. Намояндагони СММ дар Женева бо намояндаи Тоҷикистон мулоқот карда, масъалаи мазкурро ба баррасӣ кашидааст.
Ҳанӯз маълум нест, ки оё ин талошҳои дипломатӣ ба натиҷаи мусбат хоҳанд расид ё на, аммо роҳбари Кумитаи муҳоҷирин умедвор аст, ки роҳҳали муносиб пайдо хоҳад шуд. Аз дафтари СММ дар Тоҷикистон ҳам ба “Азия-Плюс” ваъда доданд, ки аз ҷузъиёти ин мулоқот ба мо иттилоъ медиҳанд.
Кумитаи муҳоҷирин зиёда аз 27 сол дар Тоҷикистон фаъолият дошта ва дорои иҷозатномаи қонунии Вазорати адлия мебошад. Ин ниҳод яке аз вазифаҳои асосии худро ҳамоҳангсозии иртиботи ниҳодҳои ҳукуматӣ бо муҳоҷирини Афғонистон медонад.
Бояд гуфт, ки ихроҷи муҳоҷирони афғонистони аз Тоҷикистон дар аввали моҳи декабр расонаӣ шуд ва Мусаввир Баҳодурӣ ҳамон вақт бархе сабабҳои ихроҷро ба “Азия-Плюс” гуфта буд. Аз ҷумла ӯ гуфта буд, ки муҳоҷирони афғонистонӣ бо сабаби риши бенизом доштан, дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои сиёсӣ кардан ва маст дар ҷойҳои ҷамъиятӣ гаштан аз Тоҷикистон ба Афғонистон ихроҷ шудаанд.
Баъдан Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон хабар дода буд, ки аз 3 то 5-уми декабр мақомоти Тоҷикистон ҳадди ақал 41 шаҳрванди Афғонистон, аз ҷумла 37 паноҳҷӯйро “бе риояи тартиботи зарурӣ” аз кишвар ихроҷ кардаанд ва таъкид дошт, ки “ин аллакай сеюмин ҳодисаи сабтшудаи бозгашти маҷбурӣ ба Афғонистон аз моҳи октябри соли 2024 мебошад”.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Барои касбият, ҷасорат ва ҳақиқат: хонандагон “Азия-Плюс”-ро барои чӣ мехонанд ва дӯст медоранд?
Арабистони Саудӣ ба 35 ҳазор сокини Тоҷикистон кумаки молӣ мекунад
НАВШУДА. Вазири меҳнату раиси Оҷонсии нафақа аз мансаб озод шуданд. Бозхонди Шермуҳаммад Шоҳиён аз раисии Додгоҳи олӣ
Нуриддин Саид аз вазифа барканор ва Носир Саид раиси нави Кумитаи телевизион ва радио шуд
Аз эълони вазъи фавқулода то ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ. Доналд Трамп баъди савгандёдкунӣ корро аз чӣ оғоз кард?
Ҷудокори навраси тоҷик аз Ҷоми Африқо медали тилло ба даст овард
Кӣ ва ё чӣ ба рушди тиҷорат дар Тоҷикистон халал мерасонад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Посухи боғбон ба дузди ҷабрӣ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 январи соли 2025
Ба зоирон ҳам дахл дорад. Як талаби ҳатмии Арабистон аз мусофироне, ки ба ин кишвар мераванд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста