ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 27 МАРТ

Соли  1933 – Дар Душанбе Китобхонаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ифтитоҳ гардид.

Соли 2010 – Раиси шаҳри Душанбе қарореро имзо кард, ки дар асоси он ҳар моҳ бо сарпарастии давлат ва сармоягузорон хатнасур ва тӯйи арӯсии оилаҳои камбизоат гузаронид мешавад.

Соли 2012 – Роберт Блейк, ёрдамчии Котиби давлатии ИМА дар як нишасти матбуотӣ дар Душанбе изҳор дошт, ки Амрико кишварҳои Осиёи Марказиро даъват мекунад, робитаҳои худро бо Эрон қатъ кунанд.

Соли 2015 – Дар намозҳои ҷумъа дар бархе аз масҷидҳои кишвар имом-хатибон бо даъвати бастани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҳоло фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ) баромад карданд.

Соли 2020 – Олмон ба Тоҷикистон барои мубориза бо коронавирус 1 миллион евро ҷудо кард.

Соли 2021 – Иззат Амон, роҳбари “Маркази тоҷикон” дар Маскав ва яке аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия ҳангоми расидан ба фурудгоҳи Душанбе боздошт шуд. Ӯ аз Русия ихроҷ гардида буд. Баъдан ӯ бо иттиҳоми “қаллобӣ ба миқдори махсусан калон” гунаҳкор дониста шуда, ба 9 соли зиндон маҳкум гардид.

Соли 2023 – Дар Хоруғ автобусҳои нав ба фаъолият оғоз каранд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1937 – Мавлуди Соҷида Ғуломова, ҳунарпеша, яке аз маъруфтарин коргардонҳои телевизиони Тоҷикистон.

Соҷида Ғуломова

Соҷида Ғуломова дар оилаи ҳунарманд ба дунё омада, хоҳараш Фотима Ғуломова ва бародараш Исфандиёр Ғуломов низ ҳунарпешагони шинохтаи театру синамои тоҷик мебошанд.

Соҷида Ғуломова беш аз 35 сол (1962-1993) дар бахши адабии телевизиони Тоҷикистон фаъолият кардааст. Ӯ муаллифи даҳҳо намоишномаи телевизионӣ, чун “Найрангҳои Майсара”, “Зани оҳанин”, “Имтиҳон”, “Зангирии Чаққабой”, “Ҳаёт ва ишқ”, “Субҳи модар”, “Армони модар” аст, ки дар хазинаи телевизиони тоҷик маҳфузанд.

Соҷида Ғуломова 9 марти соли 2018 дар 81-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1950 – Зодрӯзи Султон Қувват, собиқ раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, раиси ҳизби сабтиномнашудаи “Тараққиёт” ва яке аз чеҳраҳои мухолифи ҳукумати Тоҷикистон.

Султон Қувват

Аз соли 1974 то соли 1984 аз корманди қаторӣ то сардори шӯъбаи мубориза бо дуздии моликияти ҷамъиятӣ (ОБХСС)-и вилояти Кӯлоб кор кардааст.

Аз соли 1984 дар Шӯъбаи корҳои махсусан муҳими Раёсати мубориза бо дуздии моликияти ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилӣ, ки соли 1991 ба Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии ВКД ҶТ тағйири ном кардааст, фаъолият намуда, соли 1992 сардории ин Раёсатро бар уҳда дошт.

Аз моҳи майи соли 1995 то августи соли 1998 ба ҳайси Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Баъди рафтан аз ин мақом, кӯшиш кард дар интихоботи президентӣ ба ҳайси номзад ширкат кунад, вале номзадиаш сабти ном нашуд. Баъди ин, талош кард,  ҳизби мухолифи “Тараққиёт”-и Тоҷикистонро таъсис диҳад ва дар соли 2001 Анҷумани муассисони ин ҳизбро ҳам баргузор кард. Аммо дар муддати чаҳор соли талошҳои пайгиронааш ҳизби ӯ дар Вазорати адлияи Тоҷикистон сабти ном нашуд.

Дертар аз арсаи сиёсӣ канор рафта, ба тиҷорат машғул буд.

Султон Қувват соли 2011 дар синни 61-солагӣ даргузашт.

Соли 1956 – Зодрӯзи Набиҷон Ҷалолов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

Набиҷон Ҷалолов коргардони варзидаи театр буда, фаъолияти ҳунарии худро дар Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов ба ҳайси коргардон оғоз намуда, якчанд намоишномаро ба саҳна овардааст. Аз ҷумла намоишномаҳои “Хандаҳои ашколуд”, “Алафҳои бегона”, “Афғонписар”, “Ба пеш, холаҳо”, “Сафар-Махсум дар Қаратоғ” ва дигар.

Ҳамчунин дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ, Театрҳои мусиқӣ-мазҳакавии ш. Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа низ намоишномаҳо таҳия кардааст. Ӯ аз соли 1991 коргардони театри миниатюраи “Оина”-и шаҳри Душанбе мебошад.

Соли 1973 – Мавлуди Сурайё Дӯстмуродзода, ҳуқушинос вакили парлумон (даъвати 6 ва 7).

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии театр мебошад. Он соли 1961 аз ҷониби Конгресси IX-уми Институти байналмилалии театр таъсис дода шудааст.


27 марти соли 1893, ширкати машҳури соатсозӣ “Longines” тамғаи худро ба қайд гирифт. Ин ширкат дар миёни ширкатҳои соатсозӣ бо гирифтани 10 ҷоизаи Гран-при ва 28 медали тиллоӣ рекорд гузоштааст.


Соли 1990 дар кӯчаи Бейкер-стрити Лондон музеи Шерлок Холмс – нахустин манзили ёдбудии қаҳрамони адабӣ ифтитоҳ ёфт.

Дар даромадгоҳи музей меҳмононро як пулис истиқбол мекунад ва онҳоро ба духтароне месупорад, ки либоси даврони малика Викторияро ба бар кардаанд. Ин духтарон чипта мефурӯшанд ва меҳмононро ба тарабхонаи хурде бо номи “Миссис Хадсон”, ки ба таомҳои давраи Виктория ихтисос дода шудааст, даъват мекунанд.


 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 27 МАРТИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо ва ноҳияҳои доманакӯҳӣ борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 3+8º гарм, рӯзона 5+10º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7º сард, рӯзона 0+5º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 4+9º гарм, рӯзона 10+15º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -2+3º, рӯзона 2+7º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 3+8º гарм, рӯзона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -1+4º, дар баъзе ноҳияҳо то 4-6º сард, рӯзона 6+11º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 1+3º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона -3+2º, дар баъзе ноҳияҳо то 4+6º гарм, рӯзона 4+9º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 10+12º гарм, дар шарқи вилоят шабона 6-11º сард, дар баъзе минтақаҳо то 17-19º сард, рӯзона 1+6º гарм дар баъзе минтақаҳо то 4-6º сард.      

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, борон меборад. Ҳарорат: шабона 4+6º гарм, рӯзона 8+10º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, борон меборад. Ҳарорат: шабона 5+7º гарм, рӯзона 6+8º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, борон меборад. Ҳарорат: шабона 4+6º гарм, рӯзона 10+12º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, борон меборад. Ҳарорат: шабона 1+3º гарм, рӯзона 5+7º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.