Дар идомаи мурофиаи додгоҳӣ оид ба баррасии парвандаи қатлу оташзании Нозима Исомиддиноваи 16-сола дар шаҳри Турсунзода гумонбаршудагон Абдулқосим Норматови 18-сола ва Раҳимҷон Комилови 17-сола ба гуноҳашон иқрор шуданд.

Айбдоршаванда Раҳимҷон Комилов баёнот дод, ки Абдуқосим ҳанӯз як моҳ пеш аз ӯ барои аз Нозима халос шудан кумак пурсидааст, зеро Нозима ба ӯ таҳдид кардааст, ки агар бо ӯ издивоҷ накунад, Абдулқосимро дар тамоми маҳалла шарманда мекунад.

«Рӯзи 2 феврал Абдулқосим бо автомашинаи падараш назди ман омада, дар роҳ бензин харид ва онро ба бордони мошин гузошта, Нозимаро аз хонаашон фарёд кард ва вақте ба ҷойи ҳодиса расидем, ӯ баромада бо корд ба Нозима зарба зад, - гуфт ӯ. - Ман хостам, ки даҳонӣ ӯро пӯшам, вале духтар дасти маро газида, Абдулқосим ба зарбазанӣ бо корд идома дод ва сипас ба болои Нозимаи аллакай ҳалокшуда бензин пошида, газетаи оташгирифтаро рӯи он партофт. Баъд маро ба хона овард. Ман аввал намедонистам, ки Абдулқосим корд дорад, мо ӯро танҳо оташ заданӣ будем».

Худи Абдулқосим Норматов қаблан ба гуноҳаш дар қатли духтар иқрор шуда, ҳамаи гуфтаҳои Раҳимҷон Комиловро тасдиқ кард.

Дилором Норматова, модари Абдулқосим Норматов гуфт, аз муносибатҳои писараш бо Нозима хабар надошта, барои писараш дигар духтарро хостгорӣ кардаанд ва баъди ду сол ӯро хонадор карданӣ будаанд.

«Он рӯзи шум Абдулқосим ба ман занг зада, гуфт, ки мошин лозим аст, то ки дӯсташ Раҳимҷонро ба хонаашон барад ва вақте ман ба хона омадам, ӯ дар хона набуд ва кай омаданашро ҳам намедонам, - ҳикоят кард ӯ. - Дар бораи аз дохили мошин корди хунолуд ёфтани падарашро ҳам намедонистам. Намедонам, ки Абдулқосим аз куҷо барои харидории бензин, харидани телефон ба Раҳимҷон ва зиёфат додани ӯ дар тарабхонаҳо пул ёфтааст. Мо ҳеҷ гоҳ ба ӯ ин миқдор пул намедодем».

Ӯ аз модари духтари ҳалокшуда узрхоҳӣ кард. Дар навбати худ Нодира Исмоилова, модари Нозима изҳор дошт, ки ӯ ҳатто гумон надошт, ки духтарашро Абдулқосим кушта бошад.

«Ӯ ҳатто ба ҷанозаи духтарам омада, рӯзи дигари баъди ба хок супурдани Нозима низ бо падараш барои фотеҳахонӣ омада буд», - гуфт Нодира Исмоилова.

Дар мурофиа ҳамчунин баёноти ёвари мудири шуъбаи ташхиси судӣ-тиббии шаҳри Турсунзода шунида шуд. Қаблан Мирзомиддин Мирзораҳим, мудири шуъбаи ташхиси судӣ-тиббии шаҳри Турсунзода изҳор карда буд, ки «ҳамон ҷойҳое, ки корд зада буданд, ман фикр кардам, ки онро ҳайвону паррандаҳо канда бурдаанд» ва барои ҳамин хулосаи носаҳеҳ додааст.

Ёвари мудир Нозирҷон Убайдов қайд кард, ки ҳангоми муоинаи ҷасад осори зарби кордро дарҳол дида, дар ин бора мудирро огоҳ карда буд, лекин намедонад, ки чаро ӯ дар хулоса инро нишон надодааст.

Модари духтар исрор меварзад, ки ин ҷо ҷинояти таҷовуз ба номус низ ҷой дорад, вале Убайдов тасдиқ кард, ки ба номуси духтар дастдарозӣ нашуда, ӯ бокира аст.

Қобили зикр аст, ки нисбати мудири шуъбаи ташхиси судӣ-тиббии шаҳри Турсунзода мутобиқи моддаи 351, қ. 1-и Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.